Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент

  Дар такя ба ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Панҷакент  маъракаи ниҳолшинонӣ  оғоз гардид. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ин маърака фаъолона иштирок намуданд ва қайд кардан бамаврид аст, ки  дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҳисоби бахш 50  адад арча, 630 адад туяи шарқӣ, дар маҷмӯъ 680 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз харидорӣ карда шудааст.

Семинар машварат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Дар замони муосир, ки тараққиёти иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин талабот рӯз аз рӯз ба об меафзояд, қимати об аз нархи он гаронтар мебошад. Қобили зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 айни замон чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, бо иштироки масъулини мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Лоиҳаи (Канада) Котиботи байналхалқии об дар вилояти Суғд ва беш аз 220 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Гулхона, семинар машварат дар мавзӯи «Таъмини аҳолии деҳа бо оби нӯшокӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти семинари мазкур қайд гардид, ки норасоии об, хатари беш аз пеш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокинони сайёра аз надоштани дастраси ба об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунанда аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърузаҳои Сарвари кишвари тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегирад.

Баргузории ҷаласаи машваратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., гурӯҳи кории Кумита, сардори сарраёсат ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷаласаи машваратӣ доир гардид. Дар ҷаласаи машваратӣ натиҷаи санҷиши комплексии фаъолияти сарраёсат ва зерсохторҳои он дар ҳашт моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар рафти санҷиши комплексӣ ошкор гардидаанд, супориш дод. Ҳамчунин ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳо, дар муҳлатҳои муқарраргардида гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, омода ва пешниҳоди  анкетаи нозирон, иҷрои бандҳои қарори Мушовара, харидорӣ намудани  колбаҳои ҷамъкунандаи симоб барои таҷҳизоти коркарди лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи ҶҚ “Чароғ”, рафти иҷрои Барномаҳои  соҳавӣ  супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таҷлили Рӯзи Парчам дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент

  Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани таҷлили Рӯзи Парчам дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода А. ба кормандон доир ба саҳифаи таърихӣ - 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии худ - Парчами давлатӣ гардидани ҷумҳуриамон суханронӣ намуд. Қайд  карда шуд, ки соли 2009 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол бошукӯҳу тантана ҷашн гирифта шуда, бигзор ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон чун нишони ифтихори ҷовидонаи миллат то абад парафшон бошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.