Шиносоии Раиси Кумита бо коргохи коркарди партовҳои маишӣ ва коммуналӣ дар шаҳри Конибодом

   Зимни сафари кории Раиси Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба вилояти Суғд аз коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ ва коммуналӣ дар шаҳри Конибодом шиносоӣ пайдо намуданд. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Кодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сохта ба истифода дода шудааст. Самти асосии фаъолият ҷамъ ва ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 тн. партовҳо ба намудҳо ҷудо карда мешавад. Роҳбарияти коргоҳ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар оянда васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ сохта ба истифода диҳад.

Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ

Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарфарозию омади кор ва рўзгори бобарорро таманно дорам. Ҳарчанд тоҷикон таҷлили ин ҷашнро аз даври бостон ҳамеша дар рӯҳия ва омодагии бузург қарор додаанд, аммо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати оқилона ва талоши пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки мардуми тоҷик ба арзишҳои суннатии хеш аз нав руҷӯъ намояд ва таомули аз дастдодаи худро бо талабу манфиатҳои имрӯзаи ҷомеа эҳё намояд.

Вохӯрӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии об дар муассисаҳои таълимӣ

  Бо иқдоми мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист фаҳмонидан ва ҳадафи эълон гардидани санаҳои экологӣ аз тарафи СММ дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии об, таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 15-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо хонандагон доир гардид. Рафти вохӯрӣ ба мактаббачагон оид ба мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромад карда шуд.Баргузории чунин вохуриву сухбатхо, тарғиби санаҳои экологӣ  барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон

   Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об, истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, иҷрои фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ин чорабинӣ асосан аҳолии ҷамоати деҳотҳо қариб 600 нафар иштирок дошта, ҷӯйборҳо, соҳили сой ба масофаи 2 км аз партовҳо тоза ва 12,6 метри мукааб партов бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.