Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Ҷиҳати иҷроиши фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об -дар Томчисой, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби техника, аҳолии ҷамоати деҳот, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия бо иштироки 20 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сой ба масофаи 5 км аз партовҳои ҳархела тоза ва 14 метри мукааб партов бароварда шуд.

22-март –Рузи умумиҷаҳонии об

 Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал санаи 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуда буд. Ҳадафи асосии ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани  захираҳои об  мебошад. Имсол мавзӯи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии обро «Қадри обро дониста…» пазируфтанд.  Барҳақ, дар замони муосир, ки тараққиёти иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин талабот  рӯз аз рӯз ба об меафзояд, ин мавзуъ саривақтӣ мебошад. Қимати об аз нархи он гаронтар мебошад. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфта, сарсабзиву шукуфоӣ ва пайдоиши олам ба он марбут аст.

Чорабиниҳо бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об

 Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 10.03.2021, №14, бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар миқёси вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои экологӣ баргузор гардид. Дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби зерсохторҳои раёсат аксияи «Тозагии соҳил» ва семинару вохўриҳо, аз он ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳои бахшида ба ҳифзи захираҳои об гузаронида шуд. Мувофиқи маълумот дар рафти аксияи «Тозагии соҳил», ки дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста аз обуҳаво дар маҷмӯъ, беш аз 95,8 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, 43,8 км соҳили манбаҳои обӣ тоза гардид ва 52,5 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.

Аксияи “Дарахти ман” дар шаҳри Хуҷанд

 Бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар ободӣ ва сабзу хуррамгардонии маҳалли зист, ташкилоти ҷамъиятии “Гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” дар ҳамкорӣ  бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар даромади купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Гагарини шањри Хуҷанд аксияи шинондани ниҳолҳоро баргузор намуд. Дар он ихтиёриён, дӯстдорони табиат, экофаъолон,  аз ҷумла ихтиёриёни бахши Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дигар сокинони шаҳр ва намояндагони ташкилоту идораҳои мухталиф, дар маљмуъ беш аз 130 нафар иштирок намуданд. Дар рафти аксия 300 бех ниҳолҳои ороишии ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Боиси зикр аст, ки аксияи мазкур тахти шиори “Дарахти ман” дар тамоми гӯшаву канори кишвар роҳандозӣ гардида истодааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.