Шиносоии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ

  Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи сафари корӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон аз ҷараёни корҳои сохтмони биноҳои маъмурии бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Истаравшан ва Бӯстон дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ аз ҷониби Раиси Кумита ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат ва дар сатҳи баланд ба истифода додани биноҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Ифтитоҳи биноҳои маъмурӣ дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар назар аст.

Идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд

  Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта истодааст. Бо ин мақсад дирӯз дар шафати роҳи Чашмаи Арзана бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо 500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд, ки 200 бех ниҳолҳои сановбар аз ҳисоби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд харидорӣ гардидааст.  Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар маркази вилоят боз 12 намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳои бисёрсола ба микдори беш аз 6289 бех шинонида мешавад.

Гузаронидани мониторинги экологӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд дар моҳи феврали соли ҷорӣ

  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи нақшаи корӣ дар моҳи феврали соли равон мониторинги экологии ҳолати минтақаҳои ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Дар рафти гузаронидани мониторинги экологӣ тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо, ҳамчунин ҳолати таркиби хок ва дараҷаи радиатсия муайян карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ченкунии вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудудисанитарӣ - муҳофизатӣтохатисарҳаддармасофаиаз 500 метр то 2 километр дур амалӣ гардид.  Дар мавзеъи Янги – Қӯрғони ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя ҳамсарҳад мебошад, намунаҳои њавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Ҳамзамон, зимни мушохида ва ченкунихои инструментал дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунахои партовхои моддахои зарарнок ба хавои атмосфера амал гардид. Натиҷаи ченкуниҳо ва ташхис нишон доданд, ки нишондиҳандаҳо ба монанди оксиди карбон, дуоксиди нитроген, фенол, гидроген сулфид, оксиди нитроген, аммиак, чанг, хлор ва гидрогенхлорид мутобиқи меъёр мебошанд.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт

  Бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 дар ноҳияи Ашт баргузории аксияи «Тозагии роҳ» ташкил ва амалӣ карда шуд. Аксия мазкур дар давоми 3 рўз идома ёфта, мақсади асосӣ - ин тоза  намудани ду тарафи шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт аз партовҳои бесоҳиб буд. Дар чорабинӣ ба ғайр аз намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи давлатии хоҷагии чангали ба номи Н.Ҳувайдуллоев, кормандони Муассисаи давлатии назорати роҳи автомобилгарди ноҳия, дар маҷмуъ беш аз 50 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа 90 километр ду тарафи шоҳроҳ тоза гардида, зиёда аз 15 метри мукааб партовҳои бесоҳиб бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.