Корҳои биотехникӣ дар ш.Исфара

    Бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли сарди зимистон ва ҳифз намудани онҳо, тибқи нақшаи корӣ дарминтақаи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаидавлатии хоҷагии ҷангал ва шикор корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар минтақаи мазкур 20 адад банди хошоки дағал ва 10 халта маводи хӯрокаи гуногун  пошида шуд.

Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ»

Бо мақсади ҳифз ва бехатарии гуногунии биологии вилояти Суғд ва нигоҳдории системаи экологии он аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист мунтазам корбарӣ карда мешавад. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ҳар сол баргузор мегардад. Имсол низ дар минтақаҳои сербарфи баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Конибодом ва дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Санаи 7.02.2020 бо иштироки сардори раёсат, кормандон ва сохторҳои зертобеъ дар «Дараи сабзи» ноҳияи Шаҳристон ва минтақаи «Қизиқа», сойи «Рўи калон»-и ноҳияи Деваштич корҳои биотехникӣ баргузор гардида, 500 кг картошка, 400 кг резаи гандум, 100 кг намак, 100 кг маккадона, 100 кг сабўс ва 50 банд хошоки дағал пошида шуд.

Маъракаи дарахтшинонӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент

Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ  бомаром  идома дорад. Бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ санаи 6 феврали соли равон дар назди бинои  бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахш зиёда аз 20 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.  Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент то  имрӯз  дар миқёси шаҳр 170  бех дарахтони ҳамешасабз  шинонида шуда,  маъракаи ниҳолшинонӣ  идома дорад.

Ташкили даҳрӯзаи фанни экология

Баҳри татбиқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд,  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  ва баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом ҳамҷоя бо шуъбаи маорифи шаҳр дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронидани даҳаи фаннӣ доир ба фанҳои биология, география, химия  ва  экология ба роҳ  монда шуд. Чунин чорабинӣ дар МТМУ №3 ба номи Ҳ. Каримова ташкил гардида, аз омода намудани лавҳаи алоҳидаи эълон дар бораи нақша чорабинии гузаронидани даҳаи фаннӣ дар даромадгоҳи мактаб оғоз гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.