Ғайриқонунӣ чаронидани чорво

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат баҳри иҷрои нақшаи корӣ ва фармоиши сардори Раёсат №3 аз 15.01.2020 сол «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ дар ҳудуди вилояти Суғд баҳри ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ» дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят  мунтазам амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида истодаанд. Бо ин мақсад  дар шаҳри Конибодом амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, ҳангоми амалиёт аз тарафи нозирони шуъба ҳодисаи ғайриқонунӣ чаронидани чорво дар ҳудуди боғоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шуд.

Шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан

    Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан  назди бинои нави Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ  маъракаи   ниҳолшинонӣ  доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва  Коллеҷи мазкур иштирок намуда,  ба миқдори умумии 250 адад ниҳолҳои дарахтони туя шинонида шуд.

Шанбегии умумишаҳрӣ дар ш.Гулистон

    Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки раиси шаҳри Гулистон, кормандони соҳаи маориф ва тиб, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар оромгоҳи шаҳр шанбегӣ ва ҳамчунин шинониданиниҳолҳои ҳамешасабз гузаронида шуд. Баргузор намудани чунин чорабинӣаз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳисси эҳтиром нисбати гузаштагон ба шумор меравад.

Вохӯрӣ дар Литсеи ноҳияи Ашт

     Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ байни ҷавонон, ба истиқболи  ҷашнҳои дар пешистода, бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар муассисаи давлатии таьлимии Литсеи касбии техникии ноҳияи Ашт  вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагон доир гардид.   Мудири бахш Усмонов М. доир ба мавзуъҳои  таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», ҷойгиронии лампаҳои каммасрафи  симобдор, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, иштирок намудани хонандагон дар аксияҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои ба ҳифзи муҳити зист вобаста баромад намуд. Баргузории чунин вохуриву семинарҳо дар дигар  муассисаҳои таълимии ноҳия дар назар аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.