Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Деваштич

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар асоси барқия бахшида ба Рӯзи дониши экологӣ ва Рӯзи умумиҷахонии замин дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и ба номи А.Шарофов  ва №1-и ба номи Ӯ.Ҳусейнов чорабиниҳои экологиро бо иштироки хонандагони синфи 9 ва 10-уми муассиса доир намуд. Дар  чорабинӣ  хонандагон аз ҳаёти нозирони патрули сабз видеороликҳо намоиш дода, дар бораи ҳифзи  муҳити зист, хифзи олами олами  набототу хайвоноти нодир маълумотҳо доданд. Ҳамчунин хонандагон ба се гурӯҳ тақсим шуда, ҳар се гурӯҳ бо номи «Атмосфера», «Муҳофизатгарони табиат» ва «Мухофизатгарони хок» оидигурӯҳҳоихуд маълумот доданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ  баҳри баланд бардоштани  дониши экологӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Конибодом

Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом бахшида ба санаҳои экологӣ - Рӯзи донишиэкологӣваРӯзи  Замин дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии№ 27чорабинии маърифатӣ бо толибилмони синфи 11 гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ корманди бахш оиди масъалаҳои мухталифи ҳифзи муҳити зист, самаранок истифодабарии об, муомилот  бо партовҳо  ва насӯзонидани он, кабудизоркунии маҳал суханронӣ карда шуд. Рафти вохӯрӣ толибилмон ба суолҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд. Гузаронидани чунин вохӯриҳо тибқи нақша-чорабинии бахш дар дигар мактабҳо  дар назар  аст.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии ҷамоати шаҳри Панҷакент

Бо мақсади фаҳмонида додани муҳимияти сатҳи дониши экологӣ, махсусан байни насли наврас бахшида ба санаи экологӣ - рӯзи маърифати экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89  ҷамоати Моғиён, деҳаи Оби Борики ш.Панҷакент вохӯрӣ  ташкил ва гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ  кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорони муассиса  доир  ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зист ва риоя намудани қоидаҳои безараргардонӣ барои пешгирии касалиҳои сироятӣ корҳои фаҳмонидадиҳи  гузарониданд.

Вохўрӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ

Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, бахшида ба санаи 15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ш.Хуҷанд санаи 14 апрел вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо омӯзгорони фанни экология ва биология, хонандагони мактаб ва донишҷўёни факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ аз ҷониби омўзгори мактаб аз фанни  экология баромад намуда, оид ба иштироки хонандагони муассиса дар ҳифзи муҳити зист ва аксияњои экологии баргузор мегардида, изҳори ақида намуд. Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон аз тарафи намояндаи раёсат дар бораи ин санаи муҳими экологӣ, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи ҳавои атмосфера,газҳои гулхонаӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим, дар бораи муомилот бо партовҳои истеъмолӣ, парандаи соли 2020,нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.