Аксияи “Тозагии маҳал”

Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тибқи иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштан ва беҳбудии муҳити зист 20 январи соли равон дар ш.Хуҷанд аксияи  “Тозагии маҳал”  гузаронида шуд.

Дар аксия кормандони кӯдакистони Президентӣ, литсейи политехникӣ, Маркази дилу шараён, беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ – техникии № 44 ва 56, кумитаи маҳаллаи Раззоқ, омӯзгорони мактаби ғайридавлатии “Сафина”, таваллудхонаи вилоятӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонон барои ҳифзи муҳити зисти атроф”, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов  ҳамагӣ 18034 нафар иштирок доштанд.  

Соати сиёсӣ оид ба мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд соати сиёсии кормандони мақомот бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Тюраев Ҷамшед Аскарович бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб  оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш – таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон ҷиҳати оғози ташаббуси нави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сиёсати берунии Тоҷикистон ва ворид шудани он ба марҳалаи нави рушд, эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қайд карда шуд.

Тӯҳфаи 3 адад нақлиёти тамғаи “Портер”

Баҳри иҷрои Қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, № 18 ва супоришхои Раиси Кумита, ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд моҳи январи соли 2017,   бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа ва беҳбудии муҳити зист, пайваста баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ  3 адад нақлиёти тамғаи “Портер” аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят харидорӣ карда шуд. Маросими супоридани нақлиётҳо ба Корхонаҳои давлатии фаръии “Хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ”-и ш.Панҷакент ва н.Айнӣ барои кашонидани партов ва як адад барои насби таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои корношоями симобдор бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ва раиси ноҳияи Айнӣ  Неъматулло Раҳматуллозода  баргузор гардид.

Маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи

Бо мақсади ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии ҳавзаи Сирдарё ва обанбори «Баҳри Тоҷик», тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.10.2017, № 96 ва мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» маъракаи такрористеҳсолкунии захирахои моҳи  гузаронида шуда истодааст. 

Аз тарафи истифодабарандагони  захираҳои  табиии моҳии ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» мувофиқи нақшаи чорабинихои гузаронида, то имрӯз ба обанбори «Баҳри Тоҷик» 900 ҳазор  дона моҳичаҳо паҳн карда шуд. Бояд қайд кард, ки сифати  моҳичаҳои паҳншуда, ба монанди  пешонапаҳн ва амури сафед ба талаботхои стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд. 

Дар нақша ҳаст, ки миқдори моҳичаҳои паҳнкарда мешуда  дар соли равон ба як миллион дона расонида шавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.