Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 28.03.2025, №30 ва фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд аз 01.04.2025, №12 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2025», дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилоят аз 1 апрел то 15 июни соли 2025 ҳамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Баҳри иҷрои фармоишҳои болозикр аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ноҳия дар минтақаи дарё Сир, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 450 метр тӯрҳои бесоҳиби моҳидорӣ аз дарё бароварда шуда, несту нобуд гардид. Ҳамзамон, бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои вайрон кардани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», сайд ва фурӯши ғайриқонунии моҳӣ аз тарафи сокинони ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эълонҳо насб гардида, амрномаҳо ба нуқтаҳои пухтупази маҳсулоти моҳигӣ дода шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳаво -шиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи таҳлилӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, фаъолияти мақомотро каноатбахш арзёбӣ намуд. Сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр - Ибодуллои Маҳмадулло зимни баромад ҷиҳати иҷро ва назорати Барномаи давлатии кабудизоркунӣ, назорати ҳолати экологии партовгоҳҳо, беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод. Дар интиҳо барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаву бахшҳо ва кормандони сарраёсат бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма, коршиносон!
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Муҳофизати пирьяхҳо кафолати таъмини рушди устувори экологӣ»озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд.
Сайди моҳӣ манъ аст
Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025 с. таҳти № 30 ва фармоиши сардори Сарраёсат аз 1.04.2025 сол № 12 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2025», дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣваҳифзизахираҳоимоҳӣ», инчунин 17 банди «а»-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидорӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2025 дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд ҳамагуна моҳидорӣ манъ карда шавад.Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95
Конфронси илмию адабӣ бахшида ба 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо
Дар асоси нақшаи корӣ, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба 21 март - Рӯзи байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 ҷамоати деҳоти Оббурдон дар ноҳияи Мастчоҳ конфронси илмию адабӣ гузаронида шуд. Конференсия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ, намояндаи шуъбаи маориф, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорону хонандагон доир гардид. Хонандагони муассиса доир ба ташабусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба обу иқлим, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамасола таҷлил шудани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об баромадҳо намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ иштирокчиёни фаъоли чорабиниро бо тӯҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Page 3 of 310