Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И., сардори сарраёсат Холзода С.Х. , сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Рафти ҷаласа аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода И. фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ ва назорати ҳолати экологӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ вазифагузорӣ шуд.
Забони миллат – ҳастии миллат
Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Б.А. пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низдар фаъолияти худ талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя ва барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мусобиқаи экологии «Бозиҳои тоза» дар шаҳри Истаравшан
Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" доир гардид. Чорабинӣ бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ташкил карда шуда, дар он 120 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Иштирокчиёни мусобиқа 640 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ гардида, ба ғолибони мусобиқаи экологӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Санаи экологӣ. 4 октябр – Рӯзи ҳифзи ҳайвонот
Ҳар сол 4 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.
Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон
Санаи 28 сентябри соли равон тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳатӣ ҳаст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксия кормандону донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили баҳрро аз партовҳо тозаву озода карданд.
Page 4 of 297