Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Раҳматзода С. дар бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни суханони табрикотӣ муовини раиси ноҳия қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайвастадар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст. Сипас барои тарғиби маърифати экологии аҳолӣ, пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ба кормандони бахш сипосномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Умарзода Р.,намояндагони шуъбаи маориф, хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Зимни баромади иштирокчиён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, иштирок ва саҳми хонандагон дар ҳалли масъалаҳои экологӣ қайд гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ барои иштироки фаъол дар беҳдошти муҳити зист ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ сипоснома ва туҳфаҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия тақдим карда шуд.
Аксияи тозагӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таҳти унвони «Ободию созандагӣ мароми мост»
11 июни соли равон мувофиқи нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксияи мазкур беш аз 200 (дусад) нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолону аҳли зиё баромада, кӯчаву растаҳо ва гирду атрофи иншоотҳои давлатию ҷамъиятиро тоза намуданд. Куҳистони Мастчоҳ бо манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосояш дар меҳвари таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру сайёҳат қарор дорад. Ҳамарӯза дар ин диёр, махсусан дар шаҳраки Меҳрон меҳмонони зиёде рафтуо мекунанд. Аз ин хотир, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯшаи он, бахусус шароити мусоиди истироҳат муҳайё кардан барои меҳмонону бошандагони маҳаллӣ ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад. Ёдовар мешавем, ташаббусҳои мавриди назар аз роҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бобати тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон, шароити мусоид фароҳам овардан ва сарсабзу хуррам гардонии ҳар гӯшаи он пайваста чунин аксияву шанбегиҳо ва нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Табиат хонаи мост, онро ҳифз бояд кард» дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти озмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Табиат хонаи мост, онро ҳифз бояд кард» гузаронида шуд. Озмун аз рӯи се номинатсия “Мақолаи беҳтарин”, “Расми беҳтарин” ва “Мактаби беҳтарин” гузаронида шуда, ба 9 нафар хонандагон - ғолибони озмун сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамчунин барои ҳамкории доимӣ ва иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ дар аксияҳои экологӣ мудир ва методисти шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом бо сипоснома ва туҳфа кадрдонӣ карда шуд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ, кормандони мақомот, собиқадорони соҳа, табиатистифодабарандагон - намояндагони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ин рўз барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида шуда, ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиёда аз 130 давлат ботантана қайд карда мешавад.
Page 9 of 295