Бо баробари фарорасии фасли баҳор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд. Чун анъана исфарагиён бо мақсади ба диёри ҳамешасабз табдил додани шаҳр рӯзҳои истироҳати гузашта бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳашари ободонӣ баромада, дар анҷоми умури тозакуниву ободонӣ ва гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда, саҳми худро барои сабзу хуррам гардони шаҳр гузоштанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо рафти корҳои тозаю ободсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии шаҳр шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуд.
Ниҳолшинонӣ дар н.Ашт
Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллии дар пешистода, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такон бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар хоҷагии деҳқонии "Ботуршоҳ"-и ноҳияи Ашт аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар канори роҳи асосии Ашт - Хуҷанд 100 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвият ва густариши корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ ва сабзкорӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад. Дар минтақаи шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон боғи нави дарахти сӯзанбарг ифтитоҳ гардид. Боғи мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ ташкил гардида дар он 200 бех дарахти сӯзанбарг шинонида шуданд.
Ҳамзамон, дар соҳили “Баҳри тоҷик”, як ҳазор дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд. Тибқи иттилои сардори КВД ХМК-и шаҳр Фирӯз Шарифӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи аввали ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шинондани беш аз 260 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва ҳолландӣ дар маркази шаҳр пешбинӣ гардидааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен маъракаи дарахтшинонӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар қадди роҳҳо зиёда аз 50 бех ниҳолҳои ардач шинонида шуд.
Корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент босуръат идома дорад. Дар ин раванд дар шаҳри Панҷакент аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ва коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Рафти аксияҳои мазкур 5,2 км ҷуйборҳо, 2 км сою селравҳо ва 1,5 км соҳилҳо тоза карда шуда, 37 тн партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Page 210 of 300