Санаи 12.02.2020 мувофиқи нақшаи пешбинигардида, дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисӣ – омўзгории ноҳияи Ҷ.Расулов» баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохӯрӣ бо донишҷӯён, омўзгорони фанни экология ва умуман вобаста ба табиатшиносӣ доир гардид. Дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар бораи Барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии кўдакону ҷавонон, ифлос гардидани ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд.
Ошкор гардидани сӯзонидани партов дар партовгоҳ
Тибқи нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии ш.Хуҷанд» аз ҷониби нозирони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сӯзонидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба ҳавои атмосфера ошкор гардид. Нисбати сардори корхонаи мазкур Раҳимов Ф. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 231 тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд фиристода шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ш.Исфара
Бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли сарди зимистон ва ҳифз намудани онҳо, тибқи нақшаи корӣ дарминтақаи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаидавлатии хоҷагии ҷангал ва шикор корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар минтақаи мазкур 20 адад банди хошоки дағал ва 10 халта маводи хӯрокаи гуногун пошида шуд.
Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ»
Бо мақсади ҳифз ва бехатарии гуногунии биологии вилояти Суғд ва нигоҳдории системаи экологии он аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист мунтазам корбарӣ карда мешавад. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ҳар сол баргузор мегардад. Имсол низ дар минтақаҳои сербарфи баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Конибодом ва дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Санаи 7.02.2020 бо иштироки сардори раёсат, кормандон ва сохторҳои зертобеъ дар «Дараи сабзи» ноҳияи Шаҳристон ва минтақаи «Қизиқа», сойи «Рўи калон»-и ноҳияи Деваштич корҳои биотехникӣ баргузор гардида, 500 кг картошка, 400 кг резаи гандум, 100 кг намак, 100 кг маккадона, 100 кг сабўс ва 50 банд хошоки дағал пошида шуд.
Маъракаи дарахтшинонӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент
Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ санаи 6 феврали соли равон дар назди бинои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахш зиёда аз 20 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент то имрӯз дар миқёси шаҳр 170 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.
Page 214 of 300