Санаҳои 15-16 феврали соли 2020 баҳри иҷрои Амри Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз 11.02.2020, №23 “Дар бораи гузаронидани ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо”, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза”
Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 45 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.
Қонуншиканӣ дар самти захираҳои обӣ
Дар асоси нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Унҷӣ партофтани партовобҳо аз тарафи корхонаи ҶДММ «Орди фатир» ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати ҷамъияти мазкур бо моддаҳои 177 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 219 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, намунаи партовоб барои ташхис ба шуъбаи таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зист фиристонида шуд.
Ҳашари тозагии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷӯёну устодони муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва умумии шаҳри Хуҷанд ҳашари тозагии муҳити зист гузаронида шуд. Ҳашарчиён асосан дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд иштироки фаъолона намуда, ин шоҳроҳи аҳамияти стратегидоштаро аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 1000 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳои қадди ин шоҳроҳ низ ба он саҳмгузорӣ карданд. Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, бехи ниҳолҳои сояафкан нарм карда шуданд.
Санҷиши фаъолияти комиссияи ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ
Дар асоси нақшаи корӣ ва нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД ноҳияи Ҷ.Расулов оид ба маърифати экологӣ ва рафти иҷрои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои вобастагардида санҷида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи Барномаи мазкур ва талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», маводи сохторҳои дахлдори МИҲД ноҳия, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахши фарҳанг ва 5 ҷамоати шаҳраку деҳот дида шуд.
Page 213 of 300