Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист 2 июни соли ҷорӣ дар саҳни театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд чорабинии идона доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода, раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони сохторҳои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ ва ахолӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар аснои суханронии худ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи муҳити зист ёдовар шуда, дӯстдорони табиатро ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист табрик намуд.