Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ, назорат ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод.
Забони миллат – пояи давлат
Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз пас аз суханони табрикӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид. Қайд карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023
Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми якуми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2023» бо дастгирии шарикони рушд ва мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад. Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии рушди Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва баҳри амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд. Бояд қайд кард, ки «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон» таҳкими идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи Сирдарё бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба об ва амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиии вобаста ба об ва беҳбудии вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии ш.Конибодом аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ сокинони ш.Конибодом Раҳмонов И., Деҳконов Б., Шарипов Ҷ., Туйчиев Э. ,Абдуалиев Э. ва Абдуалиев Э. боздошт гардиданд. Қонуншиканон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бо турҳои моҳидории лескавӣ ва қаиқи алюминӣ бо моҳидорӣ машғул шуда, дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки зиёда аз 1000 адад 6 намуди моҳиҳо (ҷумҷумамоҳӣ, ҷерсон, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, чехон, зағорамоҳӣ) сайд шудааст, ки ин амали қонуншиканон бар хилофи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” буда, дар натиҷа бо моддаи 208-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 100000 сомониро ташкил медиҳад. Барои андешидани чораҳои зарурӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳояш ба бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом ва 1 мавод ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.
4 октябр – Рӯзи ҳифзи ҳайвонот
Ҳар сол 4 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад. Дар ҳудуди кишвар 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвони нодир, чун гӯсфанди Марко Поло, оҳуи хушзоти бухорӣ, ғизол зиндагӣ мекунад. Намояндаҳои зиёди олами ҳайвонот ва рустаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналхалқии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва диққати махсусро талаб менамоянд, ворид карда шудаанд.
Page 41 of 301