Дар арафаи Иди Саиди фитр баҳри иҷрои барқияи Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2023, № 34/10-8 бо мақсади кӯмак намудан ба табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба Хона интернати маъюбон ва бепарасторони шаҳр маводҳои хоҷагидорӣ ва асбобу анҷоми рӯзғор супорида шуд. Чунин иқдомҳо мунтазам аз тарафи шуъба дар арафаи ҷашну идҳо гузаронида мешавад.
Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Иди Саиди фитр
Дар арафаи Иди саиди фитр аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом собиқадори соҳа Ҳомидов Толибҷон, ки ҳамчун нахустин мудири бахш фаъолият намудааст, аёдат карда шуда, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ амалӣ мегардад.
Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар арафаи Иди саиди фитр аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони соҳа Болтуев Дадоҷон ва Ҳакимов Абдуқодир, ки дар шуъба фаъолияти тулонӣ доштанд, аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ амалӣ мегардад.
Кӯмаки моддӣ дар арафаи Иди Саиди фитр
Дар арафаи иди Саиди фитр дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии моддии кормандон аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба кормандони техникӣ кӯмаки маводи ғизоии навбатӣ ба монанди орд, шакар, равған, асал, макарон ва биринҷ расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Сарраёсат ва зерсохторҳои он дар арафаи иду айёмпайваста роҳандозӣ мегардад.
15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ
Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ ин тарбияи маърифати экологӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамасола байни кормандони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба мавзўъҳои экологӣ озмунҳо эълон гардида, ғолибон аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ мегарданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ду Барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст амалӣ гардид.
Page 59 of 301