Бо истифода аз обу ҳавои мусоид, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Спитамен ва Ҷ.Расулов аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Аксияҳои мазкур асосан бо мақсади тоза намудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кўчаҳои протоколӣ ва минтақаи шаҳрии соҳили дарёи Сир аз партовҳо баргузор гардида, дар рафти онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои савдо ва тиҷорат, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, ҳамагӣ беш аз 2 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 5,1 км ҷуйборҳои қадди роҳ, 3 км соҳилҳои обӣ ва зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, дар баробари ин корҳои сафед кардану рангубори қадди роҳҳои пиёдагард ба сомон расонида шудааст. Ба партовгоҳҳо 16,9 метри мукааб партовҳо интиқол гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар баробари ин дар шаҳри Исфара бо истифода аз техникаи махсус партовҳои бесоҳиби атрофи партовгоҳи шаҳрӣ бартараф карда шуданд.
Амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Ҳангоми идомаи амалиёт дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам»-и шаҳри Конибодом аз дохили обанбор беш аз 1 километр тўрҳои лескагии ошкоргардидаи истеҳсоли Ҷумҳурии Чин бардошта шуда, тариқи сўзонидан несту нобуд карда шудаанд. Минбаъд низ назорати давлатӣ баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ роҳандозӣ гардида, корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир карда мешавад.
Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд ва дигар сохтору ташкилот ҳамкориро амалӣ намуда истодааст. Баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тренинги дурўза барои намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва вобаста ба табиатшиносӣ гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки бо мақсади омўзонидани маълумоти нав ва равандҳои инноватсионӣ дар таҳияи лоиҳаҳо, ки ба рушди минбаъдаи ҷаҳонбинӣ нигаронида шудааст, як қатор коршиносон ва экспертҳои даъватгардида баромаду презентатсия пешкаш карда, бо иштирокдорон «мастер - класс» баргузор намуданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба омӯзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр оид ба «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология», дар баробари ин дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ», «Муаммоҳои партовҳои пластикӣ ва роҳҳои кам намудани онҳо» ва дигар мавзўъҳои муҳим презентатсия, баромад ва маълумот пешниҳод гардид.
Ҷаласаи сайёри Кумита дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон
Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёри Кумита бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А., сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Н., сардори Раёсати корҳо, коргузорӣ ва назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Ҷаласаи сайёр рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 626 аз 2.11.2022 сол «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», № 279 аз 2.06.2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ», № 280 аз 2.06.2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Маҷлиси тантанавӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент
Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандону ва шахсони даъват гардида маҷлиси тантанавӣ доиргардид. Аз ҷониби сардори шуъба Истамзода А.И. бо суханони ифтитоҳӣ ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида шуд. Ҳамзамон оид ба ин ҷашнҳо сардори шуъба баромад карда, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид.
Page 76 of 301