Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар шоҳроҳи Хуҷанд - Чаноқ амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ашт
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Кумбел, деҳаи Бободархони ҷамоати Понғоз бо иштироки кормандони беморхона ва маркази таълими ронандагӣ, аҳолии ҷамоатҳо, хонандагони муассисаҳои таълимии №№ 2, 28 ба миқдори умумии 500 нафар аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Мавзеи мазкур аз алафҳои хушку бегона ва партовҳои пластикӣ ва мухталифи бесоҳиб пурра тоза карда шуда, 4,5 тн партовҳо ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.
Татбиқи «Моҳи амал барои иқлими сабз» дар н.Айнӣ
Бахшида ба «Моҳи амал барои иқлими сабз», ки бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар ноҳияи Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксия кормандони ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ва сокинони ноҳия ширкат варзида, назди биноҳои идораву ташкилотҳо аз партовҳои мухталиф тоза карда шуданд. Аз ҷониби Лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ба ишти-рокчиёни аксия халта барои партов - 200 адад, дастпӯшак ба миқдори 300 адад харидорӣ ва тақсим карда шуд. Аксия дар ҳамҷоягии бахши ҳифзи мухити зист дар н.Айнӣ ва Лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон «Идораи ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда аз тарафи Консорциуми шарикон AKAH, AKHS, MSDSP ва Сароб иҷро шуда истодааст, роҳандозӣ гардид.
Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Бӯстон
Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуда, кӯли шаҳрӣ аз партовҳои истеъмолию пластикӣ ва алафҳои хушк тоза карда шуд. Чунин шанбегиву аксияҳо то ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХУ1- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳр идома меёбад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод
Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва истиқболи 30-солагии Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия кормандони идораву ташкилот, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 2530 метр ҷуйбору каналҳо тоза ва 240 адад дарахтон сафед карда шуданд. Дар аксия зиёда аз 8,3 м3 партовҳои гуногун бароварда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар ҷамоату шаҳракҳо пешбинӣ гардидааст.
Page 81 of 301