August 2024

28 August 2024

Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

  Бо мақсади таъмини иҷрои банди 17 нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 33  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо қарори Раиси вилоят аз 23.07.2024 сол, № 187  тасдиқ карда шудааст, ҷиҳати тозаву обод намудани муҳити зист, маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки аҳолӣ ва масъулину фаъолон доир карда шуд. Бо ин мақсад дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон масъулину фаъолон дастаҷамъона ба ҳашар баромаданд. Ҳашарчиён гӯшаву канори роҳравҳои маркази ноҳияро аз партовҳо тоза намуданд. Илова бар ин боғи Парчам ва Нишони назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро тозав карда шуд.

Читать далее

Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ

  Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар қарори Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳру ноҳияҳо сохтмону таҷдиди нуқтаҳои партовпартоӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина бо пешбурди назорати давлатӣ аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, К.Хуҷандӣ, маҳаллаҳои 13, 18, 19 нуқтаҳои партовпартоӣ аз навсозӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки сохтмон ва аз навсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бӯстон, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов низ амалӣ гардиданд.

Читать далее

Обмонии дарахтон дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ

  Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳдории муҳити зист, таъмини иҷрои дастуру супориши Кумитаи ҳифзимуҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти 3/12-05-1954 дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ (ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент)-и шаҳри Истаравшан обмонии шабонарӯзии дарахтони кадди шоҳроҳ ташкил ва гузаронида шуд. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан маълумот доданд, шумораи  дарахтон зиёда аз  120 ададро ташкил дода, ин иқдом дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо ба роҳ монда мешавад.

Читать далее

26 August 2024

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ

  Бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳои шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ 51 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Обмонии дарахтон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади аз хушкшавӣ эмин нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво дар шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров обмонии шабонарӯзӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ин тадбир ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти 3/12-05-1954  дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ   гардида истодааст.

Читать далее

Вохӯрӣ зери унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

  Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Каримзода Фарҳод вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон  тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои  мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ ҷавонони фаъоли сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.

Читать далее

23 August 2024

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Ҳангоми амалиёт 102  адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 16 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

14 August 2024

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳру ноҳияи Бӯстон, Истиқлол ва Масчоҳ

  Бо мақсади  таъмин ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ байни аҳолӣ дар кучаҳои марказӣ, боғи истироҳатӣ, ҳудуди  шаҳр, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳрҳои Бустон, Истиқлол, ноҳияи Масчоҳ  25 адад  қуттиҳои махсус барои зарфҳои  пластикӣ  насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар  шаҳру ноҳияҳо  амалӣ гардид.

Читать далее

Обмонии дарахтон дар фасли гармо

 Баҳри иҷроиши барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти 3/12-05-1954 бо мақсади аз хушкшавӣ нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Бино ба маълумоти  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилии коммуналӣдар ҳудуди тамоми кӯчаҳои шаҳр, хиёбону гулгаштҳо ва дарахтони дар канори кӯчаҳо мавҷуд буда, аз он ҷумла, дар кӯчаҳои Ф.Ниёзӣ, Бобоҷон Ғафуров, Н.Ҳувайдуллоев, Сулҳ, маҳаллаи Ғалаба ва маҳаллаи Наврӯз обмонии шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар ин самт ҳамарӯза корбарӣ идома дода мешавад.

Читать далее

Нишасти хабарии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар  нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин»,  «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун», «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои  Суғд,  ШТР «Азия», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои «Пайванд», «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 29 нафар намояндагон иштирок доштанд.      

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.