05 November 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. 30 сол аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар ҳимояи Конститутсия, зери Парчами пурафшони Ватан кору зиндагӣ доранд. Конститутсия қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар амалӣ гардидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдории бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо чунин ниятҳои нек, дар остонаи 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зистро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об ба аҳолӣ ва объектҳои иқтисодӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар доираи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ», ки Консортсиум дар ҳайати Ҳелветас ва Acted марҳилаи сеюмро амалӣ намуда истодааст, аз тарафи Филиали шуъбаи Acted дар шаҳри Хуҷанд дар толори бинои меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳр Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии об ба аҳолӣ ва объектҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори вилояти Суғд, ноҳияҳои Спитамен, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ огоҳшавӣ аз сенарияҳои тағйирёбии иқлим, пешгӯии он дар вилоят, арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ ва захираҳои об мебошад. Дар рафти ҷаласа презентатсияҳои намояндагони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони Филиали шуъбаи Acted, инчунин мутахассисони ба татбиқи лоиҳаи мазкур ҷалбкарда, пешкаши иштирокдорон гардид. Боиси қайд аст, ки ҷаласаи баргузоргардида, нуҳум Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ба ҳисоб меравад.
Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ М.А. иштирок дошта, ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат оид ба пояи арзиши Конститутсия ва дигар принсипу меъёрҳои конститутсионие, ки аз он ташаккул меёбанд сухан кард. Инчунин, дар бораи ҳадафи стратегие, ки дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар ин замина дар сатҳи Конститутсия ба расмиятдаровардану таҳким бахшидан ба истиқлоли давлатӣ зарур будани ҳарчи зудтари таҳия ва қабул кардани Конститутсия дар баромад қайд гардид.
Вохӯрии иттилоотӣ оид ба Конвенсия Орхус
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар толори МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки намояндагони сарраёсат, Марказҳои Орхус дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, ташкилоти ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма сессияи иттилоотӣ доир ба амнияти биологӣ, Конвенсияи Орхус ва иловаи дар шаҳри Алма - атои Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда шуда, баргузор гардид. Дар рафти ҷамъомад мутобиқи барномаи сессияи мазкур баромаду презентатсияҳои гуногун доир ба мавзӯъ шунида шуд. Барои бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, инъикоси маълумоти экологӣ, ҳамкории доимии судманд ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон бо мақсади ворид намудани онҳо ба нақшаи кории ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2025 муҳокима карда шуд. Боиси қайд аст, ки вохӯрии иттилоотии мазкур мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» доир гардид.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Бӯстон ташкил карда шуд. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони балаёқат», омӯзгорони фанни экология, биология ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи шуъбаи маорифи шаҳр 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» бо мақсади истифодабарии маълумоти он дар дарсҳои фанни экология аз номи сарраёсат тақдим гардид.