Все статьи
12 November 2019
Саҳми табиатдӯстон дар тозагиву ободии муҳити атроф
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дирӯз бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, бахшида ба идҳои миллии дар пеш истода, бо ибтикори ризокорони (волонтерони) ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дастгирии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд соҳили рости дарёи Сир шафати каҳвахонаи ҳавопаймои Ил-18, ки яке аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад, аксияи “Тозагии соҳил” доир гардид. Дар рафти аксия дустдорони табиат ба масофаи 500 метр аз купруки ҷашнӣ ва гирду атрофи ҳавопайморо пурра аз партовҳо тоза намуда, 2 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин гуна иқдомҳо аз тарафи ҷамъияти мазкур мунтазам роҳандозӣ мегарданд, ки ин барои баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстӣ ва маърифати экологӣ мусоидат менамояд.
11 November 2019
Аксияи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 9.11.2019 якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» -Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бобати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» аксияи шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар доираи «Лоиҳаи баланд бардоштани маърифати экологӣ» дар соли равон охирон буда, дар аксия ба ғайр аз кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Маркази Орхус, инчунин кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, хонандагони се мактаби ба лоиҳа ҷалб гардида ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар маҷмуъ, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд зиёда аз 100 бех дарахти ҳамешасабзи ардач шинонида шуд.
Ҳамкории судманд дар сохаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Рушди соҳаи моҳипарварӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигӣ дар вилояти Суғд руз то руз рушд ёфта истодааст. Чанде пеш, дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2019» дар шаҳри Душанбе намояндагон аз вилояти худмухтори Ханты – Мансийски Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз рафти сайди моҳӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигии хоҷагиҳои моҳидории ҶСК «Мохипарвари Гулистон» ва ҶСК «Моҳии тоҷик» шинос шудаанд. Дар рафти шиносоӣ сарвари маркази маъмурии лоихаи байниминтақавии вилояти худмухтори Ханты-Мансийск ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Кулдашев Т.Б. ва директори генералии истеҳсоли заводи коркарди масолеҳи нимтайёри маҳсулоти моҳигӣ Соколова Т.В. аз коркарди моҳии баландсифати обанбори Баҳри тоҷик изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуданд.
08 November 2019
Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳолати истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум - шағал ошкор гардид. Аз ҷониби сокини деҳаи Қипчоқи ҷамоати мазкур Ирисқулов Баҳодур Абдулҳаевич ғайрирасмӣ ва худсарона, бе иҷозати мақомоти дахлдор аз селроҳаи дашти Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров шағали табиӣ барои истифодабарӣ истихроҷ карда шуд. Шағали ғайриқонунӣ истихроҷгардидаро Ирисқулов Б.А. бо воситаи нақлиёти худ тамғаи «Ҳундай-Портер», рақами давлатӣ «9085 НО 02», кашонидан мақсад дошт. Дар натиҷа нисбати Ирисқулов Б.А. бо дастрасии моддаи 238-и «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои татбиқи ҷазои маъмурии ҷаримабандӣ ва пешниҳоди ҷуброни маблағи зарар мавод ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 100 нафар сокинони ҷамоат ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур кўчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод ва ҳамчунин 3 километр ҷўйбор аз партовҳо тоза гардид. Дар маҷмуъ, 11 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Чунин аксияи ҳар ҳафта дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот низ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов гузаронида мешавад.
05 November 2019
«Конститутсия – таҷассумгари истиқлолияти давлат ва соҳибихтиёрии миллат аст»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки мутахассисону кормандон доир гардид. Дар оғози маҷлис муовини сардори раёсат ба сухан баромада, иброз намуд, ки дар зарфи 25 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун таҷҷасумгари арзишҳои инсондўстиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Дигар баромадкунандагон низ оид ба арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ вамиллӣ зоҳир гардидани он суханронӣ намуданд. Дар рафти маҷлис ҳамчунин гуфта шуд, ки дардавоми 25 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ ниҳода нишондода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд. Ҳар як моддаи он танҳо ба хотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст.
Назорати давлатии фаъолияти хоҷагиҳои моҳидорон дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, санаҳои 29-31 октябри соли равон фаъолияти хоҷагиҳои моҳидорони ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» таҳлил оид ба муайян намудани намуд, андоза, ва вазни моҳӣ ба ҳар як олоти сайд гузаронида шуд.Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт 16 адад санади назорати таҳлили сайди саноатии моҳӣ ва 8 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Дар маҷмуъ, дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбати моҳидорони ду хоҷагии мазкур 6 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 223 «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 40 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон дар байни моҳидорон оид ба қоидаҳои амалкунандаи сайди саноатии моҳӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардид.
04 November 2019
Багузории аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва намояндагони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» дар МТМУ №1 ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем»-ро баргузор намуд. Дар аксияи мазкур беш аз 500 нафар омўзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ризокорон бо либоси варзишӣ, ки дар он расми пирях бо навиштаҷот – номи аксия тасвир карда шудааст фаъолона иштирок намудаанд. Ҳамчунин, дар рафти аксия озмун байни хонандагони мактаб доир гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист қадрдонӣ карда шуданд.
Ошкор намудани қонунвайронкунӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, санаи 31.10.2019 ҳангоми гузаронидани рейди фаврӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҳодисаи қонунвайронкуниро ошкор намуданд. Аз тарафи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров Собиров Р., дар соҳили чапи дарёи Сир як мошини тамғаи «Портер» партовҳои сохтмонӣ ғайриқонунӣ ва дар ҷойи ғайрирасмӣ партофта шудааст, ки ин кирдор хавфи ифлос шудани манбаъи об гардид. Барои вайрон талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист бо моддаи 177 «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» протокол тартиб дода шуд. Барои андешидани чораи ҷаримабандӣ ва пешниҳоди ҷуброни зарари ба табиат расонида, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров корбарӣ амалӣ гардида истодааст.
Гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Мувофиқи нақшаи кории раёсат дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи октябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 71 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон протоколҳои мазкур барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳри Гулистон ирсол гардид.


