Все статьи
11 May 2022
Вохӯрӣ дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади пешгирии вайроншавии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби кормандон бо иштироки намояндаи шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон вохӯрӣ бо 22 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон ташкил ва гузаронида шуд. Тибқи пешниҳоди мақомоти прокуратураи шаҳр дар бораи бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитхои ба онҳо мусоидаткунанда, ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба иштирокдорон оид ба истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, талаботи қонуни амалкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар интиҳо иштирокчиён ба саволҳои худ вобаста ба роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ҷавобҳои мушаххас гирифта, гузаронидани вохӯриро саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои пешгирӣ намудани вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби шаҳрвандон, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои табиии зеризаминӣ саҳми арзанда дорад.
07 May 2022
Баргузории сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» дар бахши «Экология»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти маориф ва иттилоот ҳамкории судманд бо Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Дар соли равон низ бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Санаи 4 май дар бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» аз рӯи 10 бахш, аз он ҷумла бахши «Экология» гузаронида шуд, ки ба ҳайси довар дар бахши мазкур намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд даъват гардид. Аз маҷмуи иштирокдорони сессияи вилоятӣ 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар бахши «Экология» иштирок намуда, корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯхта ва баҳогузорӣ гардид. Аз ҷониби намояндаи сарраёсат камбудии иштирокчиён ислоҳ ва нисбати мавзӯҳои интихобгардида, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа ғолибон соҳиби диплом ва роҳхат ба чунин сессияи ҷумҳуриявӣ гардида, боқимонда хонандагон барои иштироки фаъол бо сипоснома қадршиносӣ карда шуданд. Ҳадафи роҳандозии иқдоми мазкур ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ ва хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бахшида ба эълон гардидани 50-солагии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин барои баланд бардоштани донишҳои экологӣ, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, рушди қобилияти эҷодӣ ва малакаи ихтироъкории хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ саҳми арзанда дорад.
04 May 2022
Мизи мудаввар дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар толори бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мизи мудаввар баргузор гардид. Мизи мудаввар барои таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, дар рафти кори он тибқи даъват намояндагони маъмурияти ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва васоити ахбори омма иштирок намудаанд. Мувофиқи барномаи мизи мудаввар ба иштирокдорон аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, коршинос - эколог ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи Барномаи давлатӣ, фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи «Патрули сабз», мониторинги муҳити зист, нақшаи корҳои минбаъда баромаду презентатсияҳо пешкаш гардида, дар навбати худ аз тарафи намояндагони Маркази саломатӣ ва хоҷагии коммуналӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ, ҳамчунин масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи нўшокӣ маълумот пешниҳод карда шуд. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» татбиқ гардида истодааст.
29 April 2022
Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Айни замон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ин ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъба ва зерсохторҳои сарраёсат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ доир гардида истодааст. Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат давоми ду шабонарӯз амалиёт гузаронида натиҷаҳои муайян ба даст оварданд. Амалиёти аввал дар минтақаи Қатағани обанбори Баҳри Тоҷик баргузор гардида, санад тартиб дода шудааст ва 300 метр тӯри бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд. Амалиёти дигар дар минтақаи Ҷаҳонзеби обанбори Баҳри Тоҷик гузаронида шудааст. Дар натиҷа, барои сайди ғайриқонунии моҳӣ ду нафар сокинони деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Юлдошев Х. ва Эргашев Ф. боздошт гардиданд. Нисбати 15 сар нуқрамоҳии ғайриқонунӣ сайдгардида маводи зарурӣ дар ҷояш тартиб ёфта, зарари ба табиат расонидашуда 960 сомонӣ муайян шудааст. Ҳамчунин қаиқи резинӣ муваққатан мусодира гардида, ҷиҳати чораандешӣ мавод ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд.
Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳриИстаравшан амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар ҳудуди бозори марказии шаҳр дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои ташвиқотиву тарғи-ботӣ гузаронида, лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Ҳамчунин тариқи баландгуяки идораи бозор фармоишҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ қироат карда шуд.
28 April 2022
Амалиёти назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар минтақаи Маҳрами шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатӣ ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани яке аз чунин амалиётҳои шабона, дар минтақаи Маҳрами обанбори Баҳри Тоҷик ду нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом – Муродов Муҳаммад ва Мирхаёлов Одил, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд боздошт гардиданд. Барои сайд намудани 34 сар моҳӣ санад тартиб дода шуда, мавод бо хулосаи ихтиологӣ барои андешидани чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом супорида шуд. Бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин ду шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар айни замон дар ҳолати баррасӣ мебошад ва ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти судӣ корҳои омодагӣ амалӣ шуда истодааст. Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» корбарӣ пурзӯр ва идома дода мешавад.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат дар кӯчаи Шириншо Шотемур-и шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбачаи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар водии Зарафшон дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент, ҷамоати деҳоти Чинор амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
27 April 2022
Баргузории аксия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ҷамоати шаҳраку деҳоти Ашт, Понғоз ва Ошобаи ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии замин» баргузор гардидааст. Аксия мазкур бо мақсади тоза намудани сойҳо аз партовҳои бесоҳиб ташкил гардида, дар рафти чорабинӣ ба ғайр аз намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия кормандони ташкилот, муассиса доираи васеи сокинони маҳаллаҳо, дар маҷмуъ беш аз 630 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа ҳудуди сойҳо аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, зиёда аз 7,3 метри мукааб партовҳои бесоҳиб бароварда шудааст.
Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълу-мотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад.


