Все статьи

19 April 2022

Ифтитоҳи хоҷагии ёрирасони намунавии «Ҳифзи табиат» дар шаҳри Панҷакент

  14 апрели соли 2022 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А.С., Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р., Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ., муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо З., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва дигар шахсони масъул дар деҳаи Чимқалъаи ҷамоати деҳоти Саразм Хоҷагии ёрирасони намунавии (ниҳолпарварӣ) “Ҳифзи табиат”-и шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ифтитоҳ гардид. Дар кушодашавии расмии он, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд, иттилоъ дода шуд, ки бунёди хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” - и назди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо мақсади парвариши ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан моҳи январи соли 2022 оғоз гардид. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектар буда, бинои якошёна барои фароҳам овардани шароити кории кормандон, дигар корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро гашта, барои кабудизоркунӣ 24 намуди дарахтон бо миқдори 63000 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.

Читать далее

14 April 2022

15 апрел – Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ

  Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест. Муҳим будани дониши экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбия маҳсуб меёбад. Зеро фаъолият дар пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбати муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсон мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ ин тарбияи маърифати экологӣ ба ҳисоб меравад.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар шаҳри Гулистон

  Тибқи банди 1 фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» дар тамоми дарёҳо, обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрел то 1 июни соли 2022 дар давраи тухмгузории моҳиҳо тамоми намудҳои моҳидорӣ манъ карда шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон, соҳили обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда, ду ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ошкор гардидааст. Барои роҳ додан ба қонунвайронкунӣ нисбати ду нафар сокинони ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров Ҳалимов Абдуҷамил ва Одилов Абдурашид бо дастрасии моддаи 223-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, пас аз баррасӣ ҷаримабандӣ амалӣ мегардад. Дар рафти амалиёти фаврӣ ҳамчунин, як адад шасти моҳидории бесоҳиб дарёфт ва ба анбори бахш оварда шудааст. Дар баробари ин, ҷиҳати минбаъд пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар давраи тухмгузории моҳиҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир гардидааст.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот

  Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами ҳайвонот, тибқи нақшаи корӣ ва фармоиши сардори сарраёсат таҳти № 17 аз 11.03.2022 «Оид ба гузаронидани амалиётҳои  шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам - 0» соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаҳои хушхони саъба бо истифодаи қафас сокини ш.Конибодом - Олимов Б. боздошт гардид. Нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд. Паррандаҳои саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуданд.

Читать далее

12 April 2022

Чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Баҳри муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии моҳӣ , иҷрои талаботи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» ва фармоиши сардори сарраёсат аз 1 апрели соли 2022, № 22 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022», нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти фаврии шабонарӯзӣ гузарониданд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида, бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва беҳсозии ҳолати экологӣ дар шаҳри Истиқлол бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 1, 4, ва 5 дар кӯчаи марказии шаҳр ва назди муассисаҳои таълимӣ аксияи «Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Рафти аксия гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, тани дарахтон сафед карда шуда 4,3 тн партовҳо бароварда шуд. Ҳамчунин аз тарафи хонандагон бо мақсади баланд бардоштани завқи эстетикиву экологӣ дар тубакчаҳо гулҳои намудашон ҳархела шинонида шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Зафаробод

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Зафаробод низ мунтазам  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида  шуда истодааст.  Дар ин раванд бо мақсади пешгирӣ намудани манбаҳои обӣ аз партов ва ифлосиҳо   дар пойгоҳҳои обкашии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки кормандони корхонаву муассиса ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки 80 нафар аксия доир гардид.  Рафти аксия зиёда аз 2 км каналҳо ва назди қубурҳои обгузар тоза карда шуда, ба миқдори 18,3 тн партовҳои гуногуни ҳудуди пойгоҳҳои обкашӣ  бароварда шуд.

Читать далее

Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якум ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Сарраёсат Ҳакимзода А., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли  2022 шунида шуд. Рафти ҷаласа сардори сарраёсат Ҳакимзода А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда,  барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.

Читать далее

08 April 2022

Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Амалиёт дар соҳили дарёи Сир ҷамоати Истиқлол деҳаи Саидқалъа гузаронида шуда, дар натиҷа зиёда аз 250 метр тӯри моҳигирии бесоҳиб дарёфт ва дар ҷояш сӯзонида шуд.

Читать далее

Амалиёти фаврӣ дар бозори 20 солагии Истиқлолият-и шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар бозори 20 солагии Истиқлолияти ш.Хуҷанд бозори моҳифурушӣ амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт ба роҳбари бозори 20 солагии Истиқлолият барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрнома дода шуд. Ҳамчунин дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.