Все статьи
30 December 2021
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 29 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Сарраёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори сарраёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 шунида шуд. Сардори сарраёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.
27 December 2021
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҷиҳати иҷроиши фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Томчисой, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби мактаббачагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 26, 11 , аҳолии ҷамоати деҳот, бо иштироки 100 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сой аз партовҳои ҳархела тоза ва 3 метри мукааб партов бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия 350 нафар хонандагони литсейи касбӣ-политехникӣ, литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд ва колеҷи тиббӣ иштирок намуда, канали калони байни беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи амрози чашм аз ҳамагуна партовҳои гуногун тоза карда шуданд. Гузаронидани чунин шанбегиву аксияҳои тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақахои шаҳри Хуҷанд мунтазам амалӣ гардида истодааст.
Конференсияи илмӣ - амалии «Табиат сахтгиру тундгир аст» дар ноҳияи Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кишоварзии Масчоҳ бо дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар конференсия омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, коллеҷи омӯзгории н.Зафаробод, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ иштирок доштанд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ дар гардишгоҳи осоишгоҳи ҶДММ «Баҳористон» 60 адад ниҳолҳои дарахти сановбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар минтақаҳои шаҳр низ оғоз гардидааст.
Аксияи «Тозагии роҳ»дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва тозагии муҳити атроф дар роҳи протоколии шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт – Б.Ғафуров аксияи «Тозагии роҳ» бо иштироки 90 нафар аҳолии ҷамоат доир гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараёни аксия қади роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 3,5 м3 партов ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд. Маҳз бо ҷалби васеи кормандони соҳаҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегардад, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамояд.
21 December 2021
Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.
20 December 2021
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри амалӣ гардидани корҳои ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри Исфара маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шудааст. Барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, ниҳолҳои дарахтони њамешасабз шинониданд. Боиси қайд аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҳисоби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара 250 бех ниҳоли дарахтони санавбар харидорӣ гардида, дар майдони Ғалабаи шаҳр шинонида шудааст.
17 December 2021
Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани фавти ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ аз сардиҳои зимистон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳою доманакӯҳҳо аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон якҷоя бо намояндагони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеи парваришгоҳи Дараи сабзи ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст. Боиси қайд аст, ки тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди хирс, гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот дар мавзеи мазкур гандум – 100 кг, ҷав – 50 кг, сабус - 60 кг, картошка - 300 кг, сабзӣ – 150 кг, лаблабу - 100 кг, себ – 100 кг, намак – 20 кг ва бастаи хошок – 40 адад паҳн карда шуд.
Корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хӯроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар ду мавзеи ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаи давлатии хоҷагииҷангал корҳои биотехникӣ доир гардидааст. Дар мавзеи Шировути ноҳия 200 кг картошка, 200 кг ҷав, 50 кг намак ва 20 банд хошоки дағал пошида шудааст. Дар мавзеи Даҳанасойи ноҳия низ бо иштироки муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо истифодаи 350 кг картошка, 300 кг ҷав, 200 кг шалғам, 60 кг намак ва 25 банд хошоки дағал корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст. Дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия тибқи маълумоти баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ як қатор намуди ҳайвоноту паранда, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш, рубоҳ, хирс, бузи куҳӣ, кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.


