Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар кӯчаи марказии нақлиётгарди даромади шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар маҷмўъ, дар рафти амалиёт 33 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия ирсол гардид.
16 сентябр - Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон
Аз соли 1995 инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 16 сентябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон таҷлил менамоянд, ки ин бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) ба амал омадааст. Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муҳим буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нуриҳои зарарноки ультрабунафши офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ультрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад, бахусус ба суст шудани масъунияти бадани одам аз сабаби вайроншави ДНК, пайдошавии бемориҳои саратони пӯст, катарактаи чашм, диққи нафас, харобшавии асаб, шуш ва дигар бемориҳо оварда мерасонад. Ҳамчунин дар натиҷаи афканишоти нурҳои ултрабунафш таъсири манфӣ ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ мерасад, бахусус онҳо боиси тағйиротҳои ҷиддии таркиби химиявии растаниҳо мегарданд. Баландшавии радиатсия ба сифати маҳсулотҳо ба монанди помидор, картошка, лаблабуи қанд, карам, лӯбиё таъсир расонида, сифати онҳоро паст менамояд.
Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ иштирок намуд. Дар намоишгоҳ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилоят навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашуда ба намоиш бароварда шуд. Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, афзоиш ва зиёд намудани захираҳои моҳӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёчае, ки аз ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегузарад, даҳ ҳазор адад моҳиҳои навъи “амури сафед” ва «пешонапаҳн»-ро сар доданд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ
Фарорасии ҷашни бузурги миллат 32-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, дӯстдорони табиати нотакрори кишвари биҳиштосоямонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, бароятон ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоем. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!
More Articles...
- Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист»
- Бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз таъмир ба истифода дода шуд
- Таҷлили Рӯзи дониш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод
- Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод