Амалиёти «Ҳавои тоза»

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар кўчаҳои протоколии шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом,  шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 92 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 19 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА шаҳру ноҳия ирсол гардид.

Амалиётҳои назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ

  Дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратии муштараки кормандони шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз (тарафи чапи соҳили Баҳри Тоҷик) ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҳолати  сайди ғайриқонунии моҳӣ  ошкор  гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншикан санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда 57 сар  моҳиҳо мусодира карда шуд. Хотиррасон бояд кард, ки бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар тамоми дарёҳою обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд  аз санаи 15 март то 1 июни соли 2026 моҳидорӣ манъ  карда шудааст.

Назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот

  Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот аз тара-фи  нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат  дар ноҳияи Деваш-тич амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт муайян карда шуд, ки сокини ноҳияи Деваштич ҷамоати деҳоти Яхтанг Шарифов Эрбек қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи олами ҳайвонотро вайрон намудааст, ки ин бар хилофи моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” мебошад. Дар натиҷа нисбати қонуншикан  мутобиқи моддаи 227 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода  шуда,  2 адад мор (намуди хокӣ)  ба муҳити табиӣ сар дода шуд.

Истаравшан: вусъати корҳо дар самти ниҳолшинонӣ

  2 марти соли 2026 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи "Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" дар миқёси вилоят маъракаи  ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҷамоати деҳоти Сабристон деҳаи Яккатол  ва ҷамоати деҳоти Зарҳалол шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ зиёда аз 550  бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ  шинонида шуд. Тибқи нақша соли равон дар шаҳри Истаравшан шинонидани  64800 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.