Январь 2025
31 Январь 2025
Иштироки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Иди Сада
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи 30 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд. Дар ярмарка фурӯш аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ дар кӯза, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд,гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои мевадиҳанда олуча, зардолу, олу, олучаи куҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд.
30 Январь 2025
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, дар асоси нақшаи корӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон дар ҳудуди шикоргоҳ, воқеъ дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии резаи гандум - 400 кг, ҷав - 100 кг, ҷуворимакка - 300 кг пошида шуд.
Иштироки Сулаймон Зиёзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва ҳайати ҳамроҳонашон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия баргузор гардид, иштирок намуданд. Маъракаи мазкур бо мақсади беҳтар кардани муҳити зист, рушди фазои сабз ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақаи Мастчоҳ баргузор гашт. Хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади парвариши ниҳолҳои гуногуни ба иқлими минтақа мутобиқ ташкил карда шудааст. Масоҳати умумии хоҷагӣ 5 гектарро ташкил дода, тибқи нақша дар ин минтақа беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақа мусоидат мекунад, ки мувофиқ бо дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарғиби фарҳанги экологии кишвар ва пешгирӣ аз тағйироти манфии иқлим аст.
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамҷоягӣ бо ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар минтақаи куҳи Сиёҳ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии донҳои гуногун - 800 кг, сабзӣ - 200 кг, картошка - 200 кг, шалғам - 200 кг, намак - 100 кг, 20 адад бастаи коҳ пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди бузи кӯҳӣ, кабк, харгӯш, уқоб ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен бо мақсадибеталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар наздикии соҳили дарёи Сир корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии резаи гандум - 350 кг, ҷуворимакка - 200 кг., резаи биринҷ – 150 кг пошида шуд.
23 Январь 2025
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар миқёси вилоят ҷараён дорад. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳомидзода Ф., кормандони шуъба ва сокинони ҷамоати Ғозиён маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо зиёда аз 200 бех навниҳолони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар ноҳия соли равон шинонидани 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ, мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.
Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии давлатии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардид. Дар он баробари кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони ҷамоату деҳот, ҳашарчиён зиёда аз 400 нафар иштирок намуда, қадди шоҳроҳ аз партовҳои гуногун тоза ва 8 метри мукааб партовҳои гуногун бароварда шуд. Ҳамзамон, баҳри татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, сокинони ҷамоату деҳот, фаъолон дар қадди шоҳроҳ беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд. Соли равон тибқинақшадарноҳия шинонидани 36 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣдарназараст.
Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд. И.в Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин таъкид намуд, ки дар соли 2025 тибқи нақша дар шаҳр бояд беш аз ҳашт ҳазор бех дарахт шинонида шавад ва бояд аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ҳар чи бештар ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонида шавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади барқарор намудани хатҳои муҳофизатии ҷангал (лесополоса), хатҳои муҳофизати ҳамшафатии шоҳроҳҳо дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Р. ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Б.А. маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ ниҳолҳои гуногун, ба монанди ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз 300 бех, бодом – 175 бех, каталпа – 100 бех, қайроғоч – 100 бех, ҷигда – 125, ниҳоли олуча ва олучаи куҳӣ - 300 бех шинонида шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич минтақаи Даҳанасой корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳсулотҳо ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаи беда ва коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.