Все статьи
13 Июнь 2018
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Мувофиқи нақшаи кории Раёсат ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 71 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и ноҳияи Шаҳристон ирсол карда шуд.
05 Июнь 2018
Ифтитоҳи ошхона бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсат бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист ва 30 солагии мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандон санаи 3 июн ифтитоҳи бинои ошхонаи Раёсат мавриди баҳрабардорӣқарор гирифт.
Таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист 2 июни соли ҷорӣ дар саҳни театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии ш.Хуҷанд чорабинии идона доир гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода, раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, намояндагони сохторҳои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, Донишгоҳу Донишкадаҳои олӣ ва ахолӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дар аснои суханронии худ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзи муҳити зист ёдовар шуда, дӯстдорони табиатро ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист табрик намуд.
Эълон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи сеюм)
2. Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захирахои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи сеюм)
3. Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд (категорияи панҷум)
4. Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, (категорияи шашум)
5. Мутахассиси пешбари Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт, (категорияи шашум)
6. Мутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, (категорияи ҳафтум)
31 Май 2018
Семинари бозомӯзӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 23 майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла мутахассисон доир гардид. Дар рафти семинар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баргузории Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия ва пешниҳоди дурусти шаклҳои нави ҳисобот, асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад,тартиби пешниҳоди дурусти матритсаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ҷадвали сарфи маблағҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои наќшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур шунида шуд.
Вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 24.05.2018 вохўрии намояндаи Раёсат бо омўзгорон ва донишҷўён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илми Донишкада баромад намуда, бобати аҳамияти ҷомеаи имрўза ба масъалаҳои экологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд. Баъд аз он, якҷоя бо донишҷўён филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шудааст тамошо карда шуд.
30 Май 2018
Имсол Ҳиндустон маркази таҷлили Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист тайин шудааст
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972 таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инчониб ҳар сол аз ҷониби мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 инҷониб дар сатҳи баланд ыайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Барои таҷлили глобалии ин санаи экологӣ одатан, яке аз кишварҳои дунё интихоб мегардад. Ғайр аз ин ҳар сол барои таҷлили ин санаи муҳими экологӣ шиори ид пешниҳод мешавад.
19 Май 2018
Барномаи телевизионии мустақим
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 5 июн - Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар телевизиони вилояти Суғд санаи 16 май дар барномаи мустақими «Рӯ ба рӯ», ки ба мавзўи маданияти шаҳрдорӣ ва қарори Раиси вилоят аз 14.03.2018, № 89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи мењнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, сармутахассиси Раёсат иштирок намуд. Дар барнома асосан масъалаҳои муомилот бо партовҳои сахти маишӣ, вазъи хизматрасонии хадамоти партовкашонии ш.Хуҷанд ба аҳолӣ, таъсири ифлосшавии маҳалли зист бо партовҳо ба саломатии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои марбута муҳокима гардид. Дар рафти барнома ба саволҳои шаҳрвандоне, ки тариқи телефон муроҷиат намуданд, ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ш.Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 16 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳри Исфара ирсол гардид.
22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард.


