Все статьи
19 Ноябрь 2022
Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо истифода аз обу ҳавои мусоид, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Спитамен ва Ҷ.Расулов аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Аксияҳои мазкур асосан бо мақсади тоза намудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кўчаҳои протоколӣ ва минтақаи шаҳрии соҳили дарёи Сир аз партовҳо баргузор гардида, дар рафти онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои савдо ва тиҷорат, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, ҳамагӣ беш аз 2 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 5,1 км ҷуйборҳои қадди роҳ, 3 км соҳилҳои обӣ ва зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, дар баробари ин корҳои сафед кардану рангубори қадди роҳҳои пиёдагард ба сомон расонида шудааст. Ба партовгоҳҳо 16,9 метри мукааб партовҳо интиқол гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар баробари ин дар шаҳри Исфара бо истифода аз техникаи махсус партовҳои бесоҳиби атрофи партовгоҳи шаҳрӣ бартараф карда шуданд.
Амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар асоси фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Ҳангоми идомаи амалиёт дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам»-и шаҳри Конибодом аз дохили обанбор беш аз 1 километр тўрҳои лескагии ошкоргардидаи истеҳсоли Ҷумҳурии Чин бардошта шуда, тариқи сўзонидан несту нобуд карда шудаанд. Минбаъд низ назорати давлатӣ баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ роҳандозӣ гардида, корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир карда мешавад.
17 Ноябрь 2022
Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
С
арраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд ва дигар сохтору ташкилот ҳамкориро амалӣ намуда истодааст. Баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тренинги дурўза барои намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва вобаста ба табиатшиносӣ гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки бо мақсади омўзонидани маълумоти нав ва равандҳои инноватсионӣ дар таҳияи лоиҳаҳо, ки ба рушди минбаъдаи ҷаҳонбинӣ нигаронида шудааст, як қатор коршиносон ва экспертҳои даъватгардида баромаду презентатсия пешкаш карда, бо иштирокдорон «мастер - класс» баргузор намуданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба омӯзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр оид ба «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология», дар баробари ин дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ», «Муаммоҳои партовҳои пластикӣ ва роҳҳои кам намудани онҳо» ва дигар мавзўъҳои муҳим презентатсия, баромад ва маълумот пешниҳод гардид.
Ҷаласаи сайёри Кумита дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёри Кумита бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А., сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Н., сардори Раёсати корҳо, коргузорӣ ва назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Ҷаласаи сайёр рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 626 аз 2.11.2022 сол «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», № 279 аз 2.06.2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ», № 280 аз 2.06.2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Маҷлиси тантанавӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар толори маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандону ва шахсони даъват гардида маҷлиси тантанавӣ доиргардид. Аз ҷониби сардори шуъба Истамзода А.И. бо суханони ифтитоҳӣ ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида шуд. Ҳамзамон оид ба ин ҷашнҳо сардори шуъба баромад карда, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид.
Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Б.Ғафуров намоиши мањсулоти кишоварзии вилоят баргузор гардид. Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҷойи муайянгардида дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Корпоратсияи моҳии Тоҷик», ҶДММ «Рахшонаи» ноҳияи Ашт ва дигар хоҷагиҳои моҳипарварӣ намоиши маҳсулоти моҳигӣ ва 5 намуди моҳии зиндаи дар вилоят парваришмегардида ташкил карда шуд.
05 Ноябрь 2022
Ҳафтаи таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти кори шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
ибқи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва беҳтар намудани фаъолияти корӣ, сайкал додани маҳорату малака тариқи таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти кори шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, нозирони давлатии воҳидҳои сохтори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кўлоб аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли ҷорӣ ба вилояти Суғд сафарбар шудаанд. Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати бо натиҷа гузаштани таҷрибаомўзӣ барнома тартиб доданд, ки давоми ҳафта ҳамкасбон аз вилояти Хатлон ва минтақаи Кўлоб бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, обу корезӣ, коммуналӣ, иншооти партовобтозакунӣ ва партовгоҳ, ҳамчунин зерсохторҳои сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и сарраёсат шиносоӣ пайдо намуданд.
Машварати корӣ бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
С
арраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории зич дошта, дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ, ҳамзамон таҳияи лоиҳаҳои хурд бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ машварати корӣ баргузор гардид. Тибқи нақша, дар соли ҷорӣ чунин чорабинӣ се маротиба пешбинӣ гардида, дар рафти кори вохўрии дуюм намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи обу корезӣ, кумитаҳои маҳаллӣ ва скинони фаъол иштирок намуданд.
27 Октябрь 2022
Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
С
ўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд.
Вохӯрӣ бо маорифчиёни вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар толори Раёсати маорифи вилояти Суғд вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин кормандони масъули Раёсати маориф баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» пешбинӣ гардида, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист маълумот оид ба натиҷаҳои яксолаи иҷрои Барнома пешкаши иштирокдорон гардид. Махсусан қайд гардид, ки ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷамъиятӣ ба амалӣ гардидани як қатор чорабинию муҳимаш ба чоп расонидани 1500 нусха китобчаи худи Барнома ва то ҳол бо забони русӣ 450 нусха дастурамали «Раҳнамо оид ба таълими иловагии экологӣ» оварда расонид.


