Все статьи

03 Сентябрь 2022

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони БДА-и шаҳр дар хиёбони Рӯдакӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян  карда нашуд.

Читать далее

Саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар беҳбудии муҳити зист

  Дар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ бениҳоят назаррас аст. Бо ин мақсад бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии  Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи марказии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт 15 адад қуттӣ барои партофтани партов гузошта шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ашт ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти  ҷамъиятии Маркази имконият ва рушд роҳандозӣ гардида, барои беҳбудии ҳолати экологӣ мусоидат менамояд.

Читать далее

Татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тўқай ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик»

  Дар толори тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом вохўрии гурўҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муайян намудани мақоми ҷангалзори тўқай бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, мудир ва сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр, раис ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва намояндаи васоити ахбори омма баргузор гардид. Вохўрии мазкур барои пешниҳод намудани таклифҳо, ки ҳангоми таҳияи «Нақшаи рушди ҷангалзори тўқай дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» ба инобат гирифта мешаванд, бахшида шуд. Тибқи барнома дар рафти вохўрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар бораи мақсади таъсиси гурўҳи корӣ, раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Конибодом шиносоӣ бо ҳолати имрўзаи ҷангалзори тўқай ва фаъолияти худи ҷамъият, дар бораи лоиҳаи татбиқ гардидаистода раиси ТҶ «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби коршинос ва мутахассис – эколог оид ба ҳолати минтақа, нақши он дар вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолии минтақа, муҳимияти нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва муаммоҳои ҷойдошта баромаду презентатсия пешниҳод гардид.

Читать далее

26 Август 2022

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади дар сатхи баланд пешвоз гирифтани љашни 31-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера бањри беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар њамљоягї бо нозирони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Конибодом дар кучаи марказии Исмоили Сомони амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 34 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»

 Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тадбирҳои амалиро андешида истодааст. Мутобиқи талаботи банди нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба њифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд барои хонандагон ва омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Б.Ғафуров экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур барои минбаъд муайян намудани нақшаи ҳамкорӣ ва такон бахшидани раванди иҷрои Барнома дар соҳаи маориф бахшида шуда, дар рафти он иштирокдорон бо ҳудуди ҷазира, парвариши мурғи даштии тазарв, мурғобӣ ва моҳӣ, маълумот дар бораи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайёҳии экологӣ шинос гардиданд.

Читать далее

Гузаронидани шанбегӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

 Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба холати экологӣ, аз партовҳои  мухталиф тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ зиёда аз 60 нафар аҳолии ҷамоат иштирок намуда, як адад партовгоҳи бесоҳиб тоза ва пурра бартараф карда шуд. Дар натиҷа ба партовгоҳи маркази ба миқдори 6 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

Гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ш.Хуҷанд

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахас-сисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд дар кӯчаи Р.Ҳоҷиев буриши ғайриқонунии шохидарахти сановбар ошкор гардид. Нисбати қонуншикан Абдурасулова Х. сокини ш.Хуҷанд, ки бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист шохаи дарахтро буридааст, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.

Читать далее

Шанбегии умумӣ бо иштироки волонтерон дар ш.Хучанд

  Дар тозаву обод намудани муҳити атроф  саҳми волонтерон  хеле назаррас аст. Бо ин мақсад дирӯз дар соҳили дарёи Сир бо ҷалби волонтерони Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ш.Хучанд ва ноҳияи Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аз ҷониби  волонтерону кормандони Филиал соҳили дарё ва инчунин Боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза карда шуда, беш аз 40 адад борхалта партовҳои мухталиф  бароварда шуд. Дар баробари волонтерони ҶҲАТ ҳамзамон шумораи зиёди сокинони ш.Хуҷанд, ки нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми худро  дар тозагиву ободонии муҳити атроф гузоштанд.

Читать далее

Тоза намудани партовгоҳи ноҳиявӣ аз партовҳои полиэтиленӣ ва дигар намуди партовҳо

  Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани  ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Спитамен гирду атрофи партовгоҳи ноҳиявӣ аз партовҳои полиэтиленӣ ва дигар намуди партовҳо тоза карда шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен амалӣ гардида, чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои аҳолинишин низ идома дорад.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера ва беҳбудии муҳити зист, дар асоси нақшаи корӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич  амалиёти «Ҳавои тоза»-ро гузарониданд. Рафти амалиёт 24 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандаи 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.