Все статьи
20 Июль 2025
Ҷаласаи ҳамоҳангсозии марказҳои Орхус аз се давлати ҳамсоя ва ҷонибҳои манфиатдор дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар толори меҳмонхонаи «Суғдиёни» шаҳри Хуҷанд бо мақсади таваҷҷӯҳ ба ҳамкории минтақавӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи ҳамоҳангсозии марказҳои Орхус ва ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ» (Марҳилаи III) ташкил гардида, ҳадафи лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бар асос ва дастгирии ҳаллӣ масъалаҳои ҳассос ба ҷанбаҳои гендерӣ оид ба хатарҳои эҳтимолӣ ба аҳолии ҷамоати маҳалҳо дар маконҳои мероси уран дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигаронида шудааст.
07 Июль 2025
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2025
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., роҳбарияти сарраёсат, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сармутахассисон ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботиву таҳлилӣ бо сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо оид ба фаъолияти мақомот дар нимсолаи якум музокира намуда, фаъолияти мақомотро дар умум қаноатбахш арзёбӣ намуд, ҳамзамон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳодод.
11 Июнь 2025
Маҷлиси тантанавӣ дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон доир ба таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д., намояндагони корхонаву ташкилотҳо гузаронида шуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зист Комилзода Ҷ. ва муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д. , зимни баромадҳои худ оид ба ин санаи экологӣ, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, баромад намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош меварзанд.
Саҳми ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади таҷлили сазовори Рӯзи байналмилалии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар бозори марказии ноҳияи Масчоҳ аксияи ташвиқотиву тарғиботӣ ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷи кишоварзии ноҳияи Масчоҳ ба аҳолӣ буклету варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
05 Июнь 2025
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба ифтихори Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Р
ўзи байналмилалии муҳити зист дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифз ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхњо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мӯҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
ахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, собиқадорони соҳа баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ин рўз барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида шуда, ҳамасола дар зиёда аз 130 давлат ботантана қайд карда мешавад. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
02 Июнь 2025
Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
ахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар соҳили обанбори "Баҳритоҷик", ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд, аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия 240 нафар кормандони ташкилот, идораҳо ва муас-сисаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа зиёда аз 5,7 м3 партовҳо бароварда шуд. Ҷараёни чорабинӣ тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ ба навор гирифта шуд.
Ҳифзи табиат - ҳифзи Ватан аст!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
а истиқболи Рӯзи байналмилалии муҳити зист, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ бо иқдоми сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аксияи"Тозагии соҳил" гузаронида шуд. Аксия дар сойи Хоҷабоқирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муҳассилини муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ҳамаи иштирокчиён бо сарпӯшу футболка, дастпушу халтаҳо таъмин карда шуданд. Рафти аксия тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба навор гирифта шуд.
27 Май 2025
Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар арафаи баргузории якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирьяхҳо, ба ифтихори эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ зери унвони «Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа» доир гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., доктори илмҳои география, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълими МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳамзамон роҳбари Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пирьяхҳо - Раҳимов А., омӯзгорони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мисиров А. ва Шарифхоҷаев И.И., сардори Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд Ҳомидов А., намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Султонов А., муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканали” ш.Хуҷанд Ахмедов А. ва кормандони сарраёсат иштирок доштанд.
Баргузории озмун – викторина байни дастаҳои «Нозирони сабз» бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар соли ҷорӣ идома ёфта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ташкили як қатор чорабиниҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, 4 адад чунин муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон, дар маҷмуъ байни 13 даста озмун - викторина гузаронида шуд.


