Чорабинии иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаи экологӣ, 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.      Боиси қайд аст, ки «Клуби экологӣ» дар назди кафедраи экологияи донишкадаи мазкур аз ҳисоби олимону устодон ва донишҷӯён ташкил гардида, даҳсолаи ахир бо мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамкории зич дорад. Ҳарсол дар баргузории аксияҳои экологӣ, мизи мудаввару семинарҳо ва вохӯриҳо, хусусан дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аъзоёни «Клуби экологӣ» фаъолона иштирок менамоянд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ аввалин вохӯрии иттилоотӣ дар соли ҷорӣ, дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон гузаронида шуд.

22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ

  Дар даҳсолаҳои ахир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конференсияи СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда, ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабарии он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конференсияҳои байналмиллалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам чорабиниҳои гуногуни сатҳӣ байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон омилҳои таъсиррасон ба олами гуногуни биологӣ ба назар мерасад.

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии шафати роҳҳо ва шоҳроҳҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Аксия тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони бонк, хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Ҷараёни аксия қадди роҳҳои протоколӣ ва шоҳроҳҳо, ҳудуди  маҳалҳои аҳолинишин, майдонҳо аз  партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза карда шуда, беш аз  6 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқол дода шуд.

Маҳфили илмӣ бахшида ба санаҳои муҳими экологӣ

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаҳои экологӣ, 15 май – Рӯзи байналмилалии иқлим ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бо иштироки намояндаи сарраёсат, устодону донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиат маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет ва мудири кафедра баромад намуда, инчунин дар рафти маҳфил презентатсияи муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар мавзӯи «Ҳифзи гуногуншаклии биологӣ кафили амнияти экологӣ» пешкаши иштирокдорон гардид. Тибқи даъват сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар маҳфили илмии мазкур иштирок карда, дар бораи қабули Рӯзи байналмилалии иқлим ва Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар ин самтҳо, таъсири манфии гармшавии иқлим, пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои об, олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои бо муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вобаста баромад намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.