Санаи 3 марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода , муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, раиси ноҳияи Б.Ғафуров Зариф Вализода, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар майдони 1 га боғи интенсивӣ бунёд намуданд.
Ин тадбир дар асоси талаботи барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, дар пайравии иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Хисору Хуросон рӯи кор омадааст.