10 октябр - Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир

  Бисёр парандагон баробари саршавии тирамоҳ ва камшавии хӯрок ба чойҳои гарм парвоз карда мераванд. Олимон муайян кардаанд, ки кӯчи парандагон ба тағйирёбии мавсими шароити зиндагӣ ва камшавии хӯрок вобаста мебошад. Барои чуҷабарорӣ парандаҳои ноҳияҳои шимолӣ ва иқлимашон муътадил ба ҷойҳои  гарм  парвоз мекунанд. Одатан, дар аввали баҳор ба ҷойи сукунати худ парвоз кардани парандагон ба зуҳуроти  ғаризавии (инстинктӣ) таносул ё ки афзоишкунӣ вобаста мебошад. Кӯчи тирамоҳӣ ба кам шудани хӯрок, кутоҳ, шудани рӯз ва сардшавии ҳаво вобаста мебошад, ки ин тағйироти мавсимӣ гӯё бонгест барои парвоз карда рафтан аз маҳалли бехӯрок. Ҳамин тариқ кӯчи мавсимӣ амалиёти ғаризавии (инстинктӣ) парандагон мебошад, ки дар давоми миллионҳо сол бо таъсири омилҳои мавсимии сол ба вуҷуд омадааст. Аввалин шуда аз ҷумҳуриамон булбулҳо, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур ба Африкои ҷанубӣ парвоз карда меравад. Маълум карда шудааст, ки бисёр намудҳои парандаҳои Тоҷикистон дар Африкои ҷанубӣ ва Ҳиндустон зимистонро мегузаронанд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда меоянд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 9 моҳаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳа ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори сарраёсат Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва кормандони сарраёсат баргузор гардид. Сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳои соҳа пурсиш намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, атмосфера, замин, муомилот бо партовҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон дар умум фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ хуб арзёбӣ гардида, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нозирӣ ва назорати ҳолати экологӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии барномаҳои соҳавию давлатӣ вазифагузорӣ шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд чорабинии экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» баргузор гардид

  Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳриХуҷанд чорабинии омавӣ бо баргузории аксияи экологӣ таҳти унвони «Сирдарё - дарёи мо, ояндаи мо» доир гардид. Чорабинии мазкур бо ҷалби беш аз 300 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои олии вилоят гузашта, тибқи барнома аксияи оммавии экологӣ оид ба тоза кардани соҳилҳои Сирдарё, викторинаи экологӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ барои донишҷӯён, мукофотонидани ғолибону иштирокчиёни фаъол ва ҷалби намояндагони васоити ахбори омма амалӣ гардид. Соли панҷум мебошад, ки чун анъана «Рӯзи дарёи Сир» дар шаҳриХуҷанд бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об, ҷиҳати ҷалб, иттилоотонидан ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об ва мустаҳкам намудани амнияти экологӣ дар аввали моҳи октябр қайд гардида, дар ин рӯз аксия ва чорабиниҳои гуногуни экологӣ гузаронида мешаванд.

Хокпўш намудани партовҳои бесоҳиб

  Аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Бо ин мақсад бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо аз партовҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ , 4 минтақа ҷамоати деҳоти Зарҳалол деҳаи Куҳандич, қалъачаи Араб, ҷамоати деҳоти Пошкент -  деҳаи Яккабоғ, қалъаи Гули зард партовҳои бесоҳиб хокпўш карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.