Рӯзи 4 октябр дар бисёрии давлатҳои дунё – Рӯзи байналхалқии ҳайвонот қайд карда мешавад. Ин санаи таърихии экологӣ буда, аввалин маротиба дар Конгресси байналхалқии тарафдорони ҳаракати ҳифзи табиат, ки дар шаҳри Флоренсияи давлати Итолиё соли 1931 баргузор шуда буд, қарор қабул карда шудааст. Ин сана беҳуда 4 октябр кабул нашудааст, зеро ин рӯз ҳамчун рӯзи хотираи католики муқаддас Франсиско Ассиск мебошад, ки ӯро ҳамчун сарпарастори олами ҳайвонот маҳсуб мешуморанд. Ба муносибати ин рӯз дар бисёрии масҷидҳои давлатҳои католики башарият хизматрасонӣ карда мешавад. Инчунин бахшида ба ин рӯз дар аксарияти давлатҳои дунё чорабиниҳои гуногуни оммавӣ гузаронида мешавад.
Ин беҳуда нест, зеро дар рӯи замин намудҳои гуногуни ҳайвонот ҳаёт ба сар мебаранд, ки барои инсон аҳамияти калон доранд.