Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди деҳоту шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва соҳибкорон аксияи «Тозагии маҳал, соҳил» гузаронида шуд. Бо ин мақсад дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот барои тоза намудани манбаъҳои обӣ - сойи деҳаи Ёрӣ, сойи Мисрак, сойи Зебон 715 нафар шахрвандон иштирок доштанд. Дар натиҷа ба масофаи 2320 метр сой аз партовҳои маишӣ тоза карда шуда, 6,2 тн партовҳои сахти маишӣ ба воситаи нақлиётҳои боркаш ба партовгоҳҳои расмӣ ҷой гиронида шуд. Инчунин дар шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ, роҳи деҳаи Сӯфиён шаҳраки Суғдиён, роҳҳои дохили шаҳр ба масофаи 2107 м тулони аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуд.
Иштироки фаъолонаи ҷавонону варзишгарон дар ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади ободу зебо гардонидани гирду атроф, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ бо иштироки ҷавонон ҳашари тозагӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ тоза намудани гирду атрофи бинои муассисаву толорҳо, ҷӯйборҳо, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан, буридани шохҳои дарахтони хушкшуда ва ҷамъ намудани партовҳо ба анҷом расонида шуд. Шанбеги дар назди Муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Спитамен
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ , тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам дар маҳалҳои аҳолинишин аксияҳои экологии тозагии маҳал ва соҳил, ҳамчунин вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолии ҷамоату шаҳракҳо гузаронида мешавад. Чунин вохӯрӣ дар шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси нақшаи корӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагон ва фаъолони ҷамоатҳо ва шаҳрак, нозири минтақавӣ ва сокинони ҷамоатҳо иштирок доштанд. Намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳот, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, иштироки фаълонаи аҳолӣ дар аксияҳои экологӣ баромад намуд.
Фохтак парандаи соли 2024
Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол фохтак парандаи соли 2024 интихоб гардид. Фохтак парандаи андозааш миёна буда, ба оилаи кабӯтарҳо мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда то ба 26-29 см мерасад ва 180-300 грамм вазн дорад. Парҳои болоии қаноти фохтак тобиши қаҳваранг дошта, парҳои маҳини гардан ва қафаси синаро ранги норинҷӣ оро медиҳад. Ҷинси наринаи фохтак аз ҷинси модина каме калонҷусса буда, аз рӯйи ранг фарқ намекунад. Яке аз аломатҳои хоси фохтак мавҷудияти рахҳои сиёҳ дар паҳлӯи гардан ба шумор меравад. Фохтаки нарина дар давраи афзоиш бо такрор садои хоси “ғурр-ғурр” мебарорад. Бо назардошти чунин хусусият фохтакро дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ғурак низ ном мебаранд. Дар шароити Тоҷикистон фохтак парандаи лонагузор ва кӯчанда буда, зимистонро дар Африқо мегузаронад.
Еще статьи...
- Тоза нигоҳ доштани муҳит бахше аз ватандӯстист!
- Ҳифзи муҳити зист ва маърифати экологии ҷомеа
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2024
- Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд