Бахши ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронид.
Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Б.Ғафуров, корхонаи давлатии коммуналии н.Б.Ғафуров ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ партовҳои шоҳроҳи Деҳмой-Конибодом дар минтақаи Рухаки н.Б.Ғафуров аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуда, 250 адад ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамчунин партовҷойҳои ин мавзеъ ҳамвор ва рӯйпуш карда шуд.



Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзўр намудани назорат оиди кам намудани партови моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт, дар
Управление охраны окружающей среды Согдийской области в рамках 31 октября с активным участием населения области, а также учащихся учебных заведений и различных предприятий провело очередные акции «Чистый город» и «Чистый берег».