Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ин пешгирии вайронкунии талаботи қонунгузорӣ дар соҳа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирии вайроншавии талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби сардори шуъба вохӯрӣ бо 25 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо партовҳо, талаботи қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба самтҳои мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд
Баҳри иҷрои дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҷойҳои сераҳолӣ, аз он ҷумла дар микроноҳияҳои 3, 18, 28, назди Маркази саломатии № 5, МДТ Донишгоҳи давлатии ш.Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва истгоҳҳо қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист роҳандозӣ гардида, насби чунин зарфҳо дар дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ пешбинӣ гардидааст.
Даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин»
Тибқи боби 3, банди 13-и нақшаи чорабиниҳои бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 26.05.2021, №274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба Иди «Меҳргон» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Мастчоҳ даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» пуршукӯҳ доир гардид. Боиси қайд аст, ки ҳар сол, дар моҳи октябр бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон озмуни мазкур аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронида мешавад. Дар соли равон низ дар даври вилоятии озмун беш аз 300 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд. Даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» аз рӯи 4 бахш баргузор гардид, ки дар бахши «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ» - дастаи муассисаи таълимии Литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, бахши «Фаъолияти Нозирони сабз» - хонандаи МТМУ-и №23 ноҳияи Б.Ғафуров Қодирова А., бахши «Ҳимояи рисолаву реферат» - хонандаи МТМУ-и №11 шаҳри Хуҷанд Расулова А. ва дар бахши «Расми беҳтарин» - хонандаи гимназияи №1 шаҳри Бӯстон Иқболшоева Ф. сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Иштирок дар барномаи радиои “Шаҳри ман”
Бо мақсади ташвиқу тарғиби масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва иттилоотонидани аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар барномаи радиои “Шаҳри ман” иштирок намуда, оид ба самтҳои асосии фаъолияти мақомот, амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои экологӣ баромад намуд. Барои бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон ба масъалаҳои муҳити зист, ҳамкории доимӣ ва инъикоси маълумотҳои экологӣ ба редакцияи радио ду ҷилд китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.