Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 - уми Шӯрои Олӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Дар он аҳолии ҷамоатҳо, кормандони муассисаю ташкилотҳо, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ҳамагӣ 530 нафар фаъолона иштирок доштанд. Рафти аксия қадди роҳҳо ва ҷамоати деҳоти Ёва ва Исфисор аз партовҳои гуногуни пластикӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда, 7 м3 партов бароварда шуд.
Машварати корӣ бо гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои экологӣ
Баҳри баланд бардоштани донишу маърифати экологии сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори бинои маъмурии ҷамоат машварати корӣ бо гурўҳи кории ҷамоати деҳоти мазкур оид ба масъалаҳои экологӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовњои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» вохӯрӣ дар ин ҷамоати деҳот дуюм маротиба амалӣ гардида, дар рафти кори он намояндагони муовини раиси ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сокинони фаъол ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, тибқи барнома аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» иштирокдорон бо маълумоти амалигардии лоиҳаи «Татбиқи роҳҳои дастраси кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», нақши ВАО ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, маълумот оид ба таҳияи лоиҳаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои экологӣ шинос гардиданд.
Риояи Қонун ба манфиати ҷомеа
Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва таъмини иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падар модар оид ба тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вохӯрии судяи суди иқтисодии вилоят Давлатзода Т. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Вохӯриро муовини сардори Сарраёсат Абдумаликзода Б.А. оғоз намуда, оид ба рафти иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падар модар оид ба тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсат ва зерсохторҳо қайд намуд. Таъкид карда шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани Қонунҳои мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд. Дар давраи баргузории чорабиниҳои гуногун - аз ҷумла, Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.
Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир
Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, дар асоси фармоиши сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар ноҳияи Деваштич амалиёти назоратӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печони шарқӣ сокинони ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Яхтан, деҳаҳои Хоҷа Боҳир ва Хуҷатоир - Солиев Нуралӣ ва Шарипов Элёр ошкор гардида, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда барои андешидани чораҳоимаъмурӣ ба суди ноҳия фиристода шуд.Мори печон як навъ мори безаҳрбуда, дарқитъаҳои шағалу гилдори камрастанӣ маскан мегирад. Доманакуҳҳо ва минтақаҳои куҳии ҳамшафати водиҳои хеле тангро меписандад. Аз моҳи март то ноябр фаъол буда, дар моҳи ноябр ба хоби зимистона меравад.Зоҳиран ба кӯрмор монандӣ дорад, бинобар ин мардуми таҳҷоӣ онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шудааст.