Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 25 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», «Соҳил», «Набзи рӯз», оҷонсиҳои иттилоотии «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ-1, Танин, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» дар маҷмӯъ 26 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли 2022 дастрас гардид.
Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир
Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус соҳили манбаҳои обӣ яке масъалаҳои мубрами рӯз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик ва соҳили дарёи Сир амалиётҳои назоратӣ доир гардидаст. Дар натиҷа, ҳамагӣ ба 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз он ҷумла, шаҳрвандон Тоиров О., Бердиев Ф. ва Исомиддинов А. бо дасрасии моддаи 208 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайди ғайриқонунии моҳӣ бо тӯр ва Абдуллоев А. бо моддаи 232 Кодекси мазкур барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар соҳили обанбор.
Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии давлатии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид, ки дар рафти аксияи мазкур дар баробари кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони ҷамоати деҳот, ҳамагӣ зиёда аз 110 нафар иштирок доштанд. Бо мақсади аз алафҳои бегона тоза намудани ду тарафи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, намояндагони хоҷагиҳои қади роҳ ҷойгиргардида низ фаъолона иштирок доштанд. Дар натиҷа 2,2 км ду тарафи шоҳроҳи аз алафҳои бегона ва хор, инчунин партовҳои гуногун тоза гардида истодааст ва чорабинии мазкур идома дорад. Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудаст. Дар рафти аксия беш аз 80 нафар иштирок дошта, корҳои тоза намудани роҳ ва хати кабудизори байни роҳ, инчунин ҷуйбору атрофи он ба сомон расонида шудаст. Дар натиҷа 8 метри мукааб партовҳои гуногун интиқол ёфтааст.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
Дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаву обод намуданимуҳити зист дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 200 нафар ҷавонону волонтёрон ва мураббиёну варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи Сир аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳандозӣ гардид.
Еще статьи...
- Ҷаласаи якуми Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
- Фаъолияти нимсолаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид
- Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим
- Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ