Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асоси нақшаи корӣ дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд, муовини директори коллеҷ Азизов Н.Э. ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок доштанд. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, дастовардҳо ва заҳмату талошҳои Сарвари давлат ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, ҳамчунин тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баромад намуд. Ҳамчунин баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон таъкид карда шуд.
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки аҳолии ҷамоати деҳот гузаронида шуда, дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт 250 бех дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Рафти маъракаи ниҳолшинонӣ аз тарафи телевизиони вилояти Суғд ба навор гирифта шуд.
Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади шарҳи мазмуни Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 9 ҷамоати деҳоти Исмоил-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо омӯзгорон гузаронида шуд. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни вохӯрӣ оид ба нуктаҳои Паём, аз ҷумла масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим, дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани насли наврас суханронӣ намуд. Ҳамчунин доир ба қабул гардидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», татбиқи нақша чорабиниҳои он, ки барои ҳидоят намудани мактаббачагон ба ҳифз ва дӯст доштани табиати кишварамон мусоидат менамояд, таъкид карда шуд.
Ташвиқи Паём дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара
Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, баҳри иҷрои нақшаи корӣ дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара вохӯрӣ бо ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Рафти вохӯрӣ корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара доир ба масъалаҳои асосии Паёми имсола, аз он ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо вобаста ба экология, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон баромад намуд.