Сентябрь 2023

26 Сентябрь 2023

Иштирок дар маъракаи ҷамъоварии пахта

  Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чун ҳамасола бо мақсади иштироки фаъолона ва гузоштани саҳми арзанда дар маъракаи ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Спитамен сафарбар шуданд. Дар майдони пахтазори хоҷагии деҳкони Деҳқонбоев Н. - и ноҳия аз ҷониби кормандони Сарраёсат  зиёда аз 300 кг пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирмани хоҷагӣ супорида шуд.

Читать далее

23 Сентябрь 2023

Корҳои ташвиқотӣ- тарғиботӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"

 Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, оид ба мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ – ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидан ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 24 декабри соли 2022 қабул гардидааст, дар Маркази саломатӣ ва Литсейи касбӣ техникии шаҳри Истиқлол вохӯрии тарғиботӣ -ташвиқотӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ., мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Толибзода М., сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Шарифзода А. иштирок доштанд. Рафти вохӯрӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода А.Ғ. доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баромад намуда, иброз намуд, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро  Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳори назар менамоянд.

Читать далее

22 Сентябрь 2023

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Панҷакент

 Дар асоси нақшаи кории ҳамҷояи  шуьбаи ҳифзи муҳити зист бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар миқёси шаҳр  ҷиҳати тозаву обод намудан ва беҳсозии муҳити экологӣ бо иштироки васеи кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати деҳот ва шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 8718 нафар гузаронида шуда,  ҷуйборҳо ба масоҳати 6 км, манбаҳои обӣ - 1,2 км ва роҳравҳо ба масофаи 7,5 км аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 39,5 тонна партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ  ҷойгиронида шуд.

Читать далее

Озмуни «Ҳифзи пирьяхҳои Тоҷикистон» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Баҳри ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо» дар Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни «Ҳифзи пирьяхҳои Тоҷикистон»  гузаронида шуд. Озмун бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуда, дар он устодони МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони шуъбаи маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок доштанд. Оғози чорабинӣ хонандагони мактаб мусаввараҳои худро дар мавзуҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон, гармшавии иқлим ва таъсири он ба пирьяхҳо, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ  ба намоиш гузоштанд, ки ҳайати ҳакамон, ба донишу қобилияти хонандагон доир ба экология  баҳои баланд доданд. Дар интиҳои чорабинӣ барои гирифтани ҷойҳои намоён ва иштироки фаъолона дар озмун сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Носиров С.М. 30 нафар хонандагонро бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонид.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани  сатҳи маърифати экологӣ дар Муассисаи давлатии  мактаби варзишии шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 50 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз алафҳои худруй ва бегона, партовҳои гуногун тоза ва аз тарафи КДФ  ХМК  партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ гузаронида шуда истодааст.

Читать далее

Аксияи «Тозагии роҳ, маҳал ва соҳил» дар ноҳияи Деваштич

  Бо мақсади беҳтар намудан ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, тозаву обод намудани роҳҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, иҷроиши нақшаи тасдиқгаштаи мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Росровут ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ аксияи «Тозагии маҳал, соҳил ва роҳ» бо иштироки беш аз 100 нафар аҳолии ҷамоатҳо гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ташкил ва гузаронида шуда, дар натиҷа 1,8 км роҳҳои мошингард, 1,5 км  сойи маҳаллаҳо ва ҷуйборҳо тоза карда шуда, 1,5 тн партов бо ҷалби техника ба партовгоҳи  ноҳия  бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ

  Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати ҳифзи мухити зист дар вилоят, тозаву обод намудани муҳити зист дар шоҳроҳи Айнӣ - Чаноқ бо ҷалби васеи аҳолии  ҷамоатҳо, хонандагони МТМУ № 1 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки 175 нафар гузаронида шуда, минтақаҳои аҳолинишин ва ҷуйбору манбаҳои обӣ ба масоҳати 2 км аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1,3 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

20 Сентябрь 2023

Баргузории чорабиниҳои кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон

  Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, аз тарафи кормандони шуъбаи  назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар кӯчаи марказии нақлиётгарди даромади шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар маҷмўъ, дар рафти амалиёт 33 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия ирсол гардид.

Читать далее

15 Сентябрь 2023

16 сентябр - Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон

  Аз соли 1995 инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 16 сентябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон таҷлил менамоянд, ки ин бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) ба амал омадааст. Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муҳим буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нуриҳои зарарноки ультрабунафши офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ультрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад, бахусус ба суст шудани масъунияти бадани одам аз сабаби вайроншави ДНК, пайдошавии бемориҳои саратони пӯст, катарактаи чашм, диққи нафас, харобшавии асаб, шуш ва дигар бемориҳо  оварда мерасонад. Ҳамчунин дар натиҷаи афканишоти нурҳои ултрабунафш таъсири манфӣ ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ мерасад, бахусус онҳо боиси тағйиротҳои ҷиддии таркиби химиявии растаниҳо мегарданд. Баландшавии радиатсия ба сифати маҳсулотҳо ба монанди помидор, картошка, лаблабуи қанд, карам, лӯбиё таъсир расонида, сифати онҳоро паст менамояд.

Читать далее

12 Сентябрь 2023

Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе

 Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ иштирок намуд. Дар намоишгоҳ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилоят навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашуда ба намоиш бароварда шуд. Бо мақсади амалӣ намудани  “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, афзоиш ва зиёд намудани захираҳои моҳӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дарёчае, ки аз ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегузарад, даҳ ҳазор адад моҳиҳои  навъи “амури сафед” ва «пешонапаҳн»-ро  сар доданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.