Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба пешниҳод намудани маълумот доир ба пешгири намудани паҳншавии короновируси нави COVID-19, тоза намудани маҳалли зист, сари вақт баровардани партовҳо, безараргардонии қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва дигар корҳо мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар натиҷа аз тарафи муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдумаликзода Б. ва сардори Шуъба Дӯсматов А. дар КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Хуҷанд, КД “Истифодабарии манзил”-и соҳили рост ва КД “Истифодабарии манзил”-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида, корҳои ташвиқотӣ доир ба пешгири намудани паҳншавии короновируси нави COVID-19, тоза намудани маҳалли зист, сари вақт баровардани партовҳо, безараргардонии қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва дигар корҳо гузаронида шуд.





Тибқи нақшаи пешбинигардида санаи 4.05.2020 ҷаласаи ситоди раёсат оид ба фаъолият дар 15-рўзаи дуюми манъи сайди моҳӣ дар давраи тухмгузории соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардор ва кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат, сармутахассисон оид ба кадр ва оид ба ҳуқуқи раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ба ситоди раёсат ҷалбгардида иштирок доштанд. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи раёсат оид ба рафти ичрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №34 «Дар бораи амалигардонии чорабинии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2020» ва фармоиши сардори раёсат аз 31.03.2020, №18 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2020» дар моҳи апрели соли ҷорӣ шунида шуд. Баҳри иҷро ва татбиқи қонуну фармоишҳои дар боло зикргардида, бо рохбарии сардори раёсат ситод иборат аз 18 нафар таъсис ёфта, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо аз тарафи гурўҳҳои фаврӣ амалиётҳои назоратӣ роҳандозӣ гардид.