Санаи 4 январи соли 2019 дар Маркази бозомўзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят А.Латифӣ, сардори Раёсат ва муовин, сардорони шуъбаҳои Раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, сармутахассисони Раёсат иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бахшида 30 солагии таъсисёбии мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аввалин раиси Кумитаи хифзи табиати вилояти Ленинобод Султонов А.А. нишони сарисинагии ҷашнӣ супорида шуд. Дар рафти ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Раёсат шунида шуда, аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда шуд. Ҳамчунин, аз тарафи Раиси Кумита бобати беҳтар гардидани ҳолати экологии минтақаҳо, ҳифз ва зиёд намудани намудҳои олами ҳайвоноти нодир ва дигар масъалаҳои муҳим супоришҳо дода шуд.



Бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 7 январи соли равон вохӯрии кормандони мақомот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулбаҳор Назирӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар доир гардид. Зимни вохӯрӣ
Дар соли эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, баҳри ҳифз намудани ҳайвоноти нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд, ки ба Китоби Сурхи ҶТ дохил карда шудаанд, аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар минтақаи соҳили рости обанбори Баҳри Тоҷик дар доманакӯҳи Оқбел лавҳаи огоҳкунанда насб карда шуд. Боиси қайд аст, ки дар минтақаи мазкур намудҳои ҳайвоноти нодир, ба монанди