Оиди боздиди рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ

Мувофиқи ҷадвали вобастакунии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иншоотҳои ҷашнии «Наврӯз-2016» сардори Раёсат, ҳамчун масъул ба сохтмони чойхона барои 150 ҷойи нишаст дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вобаста гардидааст.

Сохтмони чойхонаи мазкур моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, айни замон, ҳамаи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, чойхона бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Корҳои пардозкунии таҳхонаи чойхона аз тарафи сохтмончиён идома дошта, барои  пайвастшавии хатти таъминоти оби нӯшокӣ корҳо рафта истодааст. Дар асоси супориши Раиси вилоят ошхонаи кӯҳнаи дар назди чойхона буда,  тариқи ҳашар вайрон карда шуда, дар марҳилаи анҷомдиҳӣ мебошад.

Аксияи «Ободонии маҳалли зист»

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 50 нафар кормандони беморхонаи клиникавии вилоятӣ, аз ҳудуди беморхона 160 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.

Инчунин, бо ҷалби хонандагони литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, кормандони корхонаи ҶСП «Автосервис» ва соҳибкорон, ташкилотҳои назди соҳил ҷойгирбуда, кӯчаи 15-солагии Истиқлолият ва соҳили дарё низ аз партовҳо тоза карда шуд. Донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тоза кардани мавзеи мошинсарои маҳаллаи 18, аҳли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 16, 27 ва кормандони КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и вилоят ҷиҳати тоза намудани партовҳои канори дарёи Сир саҳм гузоштанд.

Шанбегӣ дар н.Б.Ғафуров

Бахши ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронид.

Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони корхонаи давлатии фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Б.Ғафуров, корхонаи давлатии коммуналии н.Б.Ғафуров ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров иштирок доштанд. Дар рафти шанбегӣ партовҳои шоҳроҳи Деҳмой-Конибодом дар минтақаи Рухаки н.Б.Ғафуров аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуда, 250 адад ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Ҳамчунин партовҷойҳои ин мавзеъ ҳамвор ва рӯйпуш карда шуд.

Амалиёти фаврӣ

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзўр намудани назорат оиди кам намудани партови моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт, даршоҳроҳи Б.Ғафуров – Хуҷанд санаи 2 феврал рейди фаврӣ гузаронид.

Мутахассисони шўъбаҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера, назорати таҳлилии Раёсат, кормандони шўъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ, 60 адад воситаҳои  нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногунро аз ташхиси аналитикӣ ҷиҳати риояи меъёри стандартҳои давлатӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба фазои атмосфера дар натиҷаи сўхтани сўзишворӣ (дизел, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 10 адад воситаҳои нақлиёт меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО ва дуд) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.