Ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2016

Санаи 5 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – мудири бахши кишоварзии дастгоҳи Раиси вилоят Абдуллоев Ф. баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. оғоз намуда, ҳозиринро бо  рӯзномаи маҷлис, ки ҷамъбасти фаъолият ва вазифаҳои минбаъда иборат буд, шинос намуд. Бо маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Раёсат бобати бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин ва маърифати экологӣ нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ натиҷаҳои хубро  муваффақ гардиданд.

Сайди моҳӣ манъ аст!

Тибқи фармоиши № 32 аз 1.04.2016  сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар асоси моддаҳои 6,9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» моддаҳои 8,32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва моддаҳои 4,17 «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои обанборҳои вилоят, шароити мусоид фароҳам овардан дар рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ аз санаи 5 апрел то 20 июни соли 2016 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ манъ карда шудааст.

 Телефони боварӣ: (83422) 6-59-81, 4-03-59

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Озмун – намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон барои ҳифзи муҳити атроф» (YGPE), ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни  илмӣ-техникӣ» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, санаи 28.03.2016 дар муассисаи таълимии № 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров озмун-намоишгоҳи маҳсулоти худсохт аз партови коркарди такрорӣ доир гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони 8 мактабҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Калъачаи ноҳия  иштирок намуда, беш аз 250 намуди корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён ғайр аз пешниҳоди  маҳсулотҳои худсохт, ҳамчунин намоишҳои гуногуни шавқовар, саҳначаҳо дар мавзӯҳои гуногуни иҷтимоӣ баромадҳо намуданд. Бояд қайд намуд, ки баъзе аз мактабҳо оиди муаммоҳои экологии минтақаҳои ҷои зисташон призентатсияҳо пешкаш намуданд.

Аксия дар боғи «Дӯстии халқҳо»

Тибқи нақшаи чорабинии якҷояи Раёсат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд санаи 19 марти соли равон дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳр байни маҳаллаҳои 32 ва 33 аксияи «Ободонии маҳалли зист» бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, хонандагони муассисаҳои таълимии № 8 ва 10, литсеи касбӣ-ҳунарии шаҳр ва кормандони корхонаи ободонӣ гузаронида шуд. Дар рафти аксия қисми поёни боғ аз партовҳо ва санг тоза карда шуда, ҷуйборҳо барқарор карда шуданд. Ба ғайр аз ин қариб 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва тут шинонида шуд. Аз тарафи роҳбарияти Раёсат якҷоя бо КВДК “Хуҷандобуканал” масъалаи обёрии дарахтони боғ  ҳалли  худро  ёфт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.