Аксияи “Тозагии махал”

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Ободонии маҳалли зист»-ро гузаронида истодааст.

Санаи 30 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Шаҳристон, Хуҷанд, Бӯстон ва Ҷ.Расулов бо иштироки зиёда аз 37851  нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи “Тозагии маҳал” доир гардид.

Ҷамъбасти амалиёти “Ҳавои тоза” дар вилоят

Бахшида ба “Соли 2016 – Соли фарди солим”, ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт аз 11 то 21 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар рафти амалиёт 841 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа 51 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта шудааст.

Семинари бозомӯзӣ

Санаи 8 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон мувофиқи фармоиши сардори Раёсат, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа гузаронида шуд.

Мувофиқи барнома дар семинари мазкур моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав, ки аз 1 июли соли равон мавриди амал қарор гирифт, баррасӣ карда шуд. Дар семинари мазкур сармутахассис оид ба ҳуқуқи Раёсат баромад намуда, қайд кард, ки Қонуни мазкур муносибатҳои санҷишии мақомотҳои санҷишкунандаро дар фаъолияти субъектони хоҷагидор ба танзим медарорад.

Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шӯъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияиРаёсат маоши мансаби 1207,90 сомонӣ; (категорияи сеюм)

- Мутахассиси пешбари Шӯъбаи ҳифзимуҳитизистишаҳриХуҷанд;

маоши мансаби 696,80 сомонӣ; (категорияи шашум)Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

  малакаи  хуби  муошират  бо  аҳли  ҷомеа,  аз  ҷумла маҳорати  ба  роҳ  мондани  ҳамкорїӣ ҳангоми  татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.