
Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои нимсолаи дуюми соли равон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 14 июли соли равон семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои муҳим - асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, пешбурди ҳуҷҷатгузории парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пешниьоди маводҳо ба Раёсат бобати тариқи судӣ руёнидани маблағи пардохт ва ҷуброни зарар, намуди санҷишҳо мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дастури методӣ оиди санҷиши объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.



Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки ситораҳои санъати вилоят консерти идона баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматов ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур