Маротибаи сеюм аст, ки дар ноҳияи Спитамен амалиёти «Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ» гузаронида шудаст. Бо мақсади таъмини хўроки иловагӣ барои парандагоне, ки бисёр ҷамъ мешаванд дар ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳия, қаддӣ соҳили дарёи Сир, дар маҷмўъ 200 кг гандум ва 100 кг маккадона пошида шуд. Амалиёти мазкур аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони ташкилоти «Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон»-и ноҳия, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардидааст.
Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади тоза намудани қаддӣ шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанноқ, минтақаи ноҳияи Шаҳристон, бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаи ҳоҷагии ҷангал ва аҳолии ҷамоати деҳот ба шоҳроҳ наздик бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Дар рафти ин аксияҳои экологӣ зиёда аз 20 км қаддӣ шоҳроҳи мазкур, аз фаромади ақба то даромади шаҳри Истаравшан, аз партовҳои гуногун, хусусан партовҳои пластикӣ – зарфҳо ва халтачаҳои полиэтиленӣ тоза гардида, беш аз 4 метри мукааб партовҳо ҷамъ ва бароварда шудаст.
Вохўрӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент
Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд нақшаи чорабиниҳои шуъбаро оид ба гузаронидани вохўрӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ намудаст. Бо чунин мақсад, кормандони шуъба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати шаҳраки Суғдиён, МТМУ №85-и деҳаи Вешисти ҷамоати деҳоти Ёрӣ, МТМУ № 4-и ҷамоати деҳоти Саразм, МТМУ №81-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатарош ва МТМУ № 15-и шаҳр бо хонандагону омўзгорон вохўриҳо гузарониданд. Ҳамзамон, дар рафти ин вохўриҳо дар баробари шарҳ додани муҳтавои Паёми навбатӣ оид ба эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» низ таъкид карда шуд.
Беҳтар намудани вазъи зисти олами ҳайвоноти ваҳшӣ
Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хўроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар назди Даҳанасойи ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист корҳои биотехникӣ доир гардид. Тибқи маълумоти мутахассисон як қатор намуди ҳайвоноту парандаи ваҳшӣ, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш, рубоҳ, хирс, бузи куҳӣ, кабк ва дигар ҷонваронро дар мавзеи мазкур дидан мумкин аст ва сукунат доранд. Дар раванди баргузории чорабинӣ ба миқдори 150 кг гандуми майда, 250 кг ҷав, 300 кг картошкаи майда, 75 кг сабўс, 25 кг намак, 50 адад баста коҳи гандум ва алафи беда дар ҷойҳои ҷамъшавии ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ пошида шуд.